Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбар Ғуломов: "Моли корхонаи нав ба хориҷа низ содир хоҳад шуд"


Порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи худ ширкати "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал"-ро аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, нахустин корхонаи барориши гипсакартон (тахтагаҷ) ва ғорагаҷ дар Ёвонро аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард. Акбар Ғуломов, раиси ин корхона, рӯзи чоршанбеи 27 май зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2015 гуфт, ки қарор аст, бахши аввали корхонаи гипсакартон ва ғорагаҷ дар Ёвон моҳи июни соли ҷорӣ ба кор сар мекунад ва маҳсулот медиҳад.

Таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои фаъол шудани ин корхона аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ки маблағи 18 миллион долларро ташкил медиҳад. Акбар Ғуломов гуфт, маблағи умумии бунёди коргоҳи истеҳсоли гипсакартон дар маҷмӯъ 20 миллион долларо ташкил медиҳад

Ба ин далел, ҷаноби Ғуломов гуфт, ки маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ маблағи 4,3 миллион долларро ташкил медиҳад ва бо озод шудан аз андоз ва боҷи гумрукӣ, ин корхона метавонад, фаъолияташро ба таври дуруст ба роҳ монад. Ин ҳам дар ҳоле, ки қарор аст, корхона дар як шабонарӯз 10 ҳазор адад гипсакартон тавлид кунад, ки 7 ҳазор адади он барои бозори дохилӣ ва 3 ҳазораш барои Афғонистон хоҳад буд.

То кунун ба бозорҳо Тоҷикистон гипсакартон асосан аз кишварҳои Қазоқистон ва Чин ворид мешуд. Ба гуфтаи Акбар Ғуломов, бо фаъол шудани ин коргоҳ дар Тоҷикистон ин маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон то 35 дарсад арзон хоҳад шуд.

Зимнан, хишти аввали бунёди ин корхона 12 ноябри соли 2014 аз ҷониби раиси ҷумҳури Тоҷикистон гузошта шуд. Раҳбарии ширкати "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал"-ро Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазир, марҳум Асадулло Ғуломов ба ӯҳда дорад.

Парлумон "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал"-ро аз андоз озод кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Акбар Ғуломов, раҳбари 32-солаи ширкати "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал” бо Радиои Озодӣ дар мавриди зарурати фаъолияти ин коргоҳ дар Тоҷикистон сӯҳбат кард. Акбар Ғуломов - Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди " Ғаюр” ҳамон коргоҳеро дар Тоҷикистон ба истеҳсол фаъол мекунад, ки ин маҳсулотҳо асосан ҳоло аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд.

Акбар Ғуломов: Баъд аз омӯзиши бозори дохилӣ, мо мушоҳида кардем, ки гипсакартон ва масолеҳе, ки аз гипс истеҳсол карда мешавад, аслан 46 фоизашро аз Қазоқистон ва боқимондаро аз Чин ба бозорҳои Тоҷикистон меоранд. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки коргоҳи барориши гипсокартон дар Тоҷикистон дар давоми як сол ба кор шурӯъ намояд. Тахминан моҳи августи имсол корхонаи мазкур фаъол хоҳад шуд ва албатта, дастгирии ҳукумати кишвар ва бахусус президенти Тоҷикистон барои тезтар анҷом шудани корҳои бунёдӣ мусоидат мекунад. Мо дар маҷмӯъ 350 нафарро мо дар ин коргоҳ бо кор таъмин мекунем, ки 80 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд ва 20 дарсадашон аз Чин. Шаҳрвандони Чинро мо ба он хотир даъват кардем, ки онҳо мутахассис ҳастанд ва дар вақте ки тоҷикҳо мутахассис шуданд, мо онҳоро ҷавоб медиҳем. Чун ин навъи истеҳсолот барои кишвари мо нав аст ва барои тайёр кардани мутахассиони худӣ то якуним сол зарурат дорем.

Радиои Озодӣ: То куҷо истеҳсоли гипсокартони ватанӣ ба нархи он дар Тоҷикистон таъсир хоҳад кард? Талаботи Тоҷикистон ба ин навъи масолеҳ чӣ гуна аст?

Акбар Ғуломов: Табиист, вақте маҳсулот аз берун дохил шавад, нарх ҳам боло меравад. Барои ҳамин, истеҳсоли мо арзиши гипсокартон ва 5 номгӯи маҳсулотеро, ки аз гипc омода мешавад то 30 ва ё 35 фоиз арзон хоҳад кард. Вақте бозорро омӯхтем, ба хулосае омадем, ки 7 ҳазор дона гипсокардонро ба бозори дохилии Тоҷикистон мефурӯшем ва боқимондааш ба кишварҳои дигар содир хоҳад шуд. Ҳоло мо бо Афғонистон ният дорем дар масъалаи ҳам гипсакартон ва ҳам семент қарордод бандем ва онҳо омодаанд, ки ин маҳсулотро аз мо бихаранд. Зеро ин кишвар низ маҳсулоти зеринро аз дигар давлатҳо харидорӣ мекунанд ва нархе, ки мо ба онҳо пешниҳод кардем, барояшон мувофиқ омад. Дар ин замина мо бо онҳо гуфтушунид дорем ва қарор аст рӯзҳои наздик дар ин масъала ба қарори муайян расем. Ҳамзамон бо кишвари Қирғизистон низ бастани созишнома дар назар аст.

Радиои Озодӣ: Шумо 32-сола ҳастед ва ҳоло чун раҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ғаюр” муаррифӣ мешавед, аммо то ҷое мо иттилоъ дорем, дар ин баробар чанд вазифаи дигар ҳам доред? Чи гуна ин фаъолиятҳоро саришта мекунед?

Акбар Ғуломов: Ман пас аз хатми мактаби миёна дар ноҳияи Ёвон ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил кардаам. Баъди он Донишкадаи техникии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси сохтмончӣ-муҳандис хатм намудам. Пасон Академияи назди президенти Русияро дар бахши сиёсати кадрҳо ба итмом расондам. Ҳоло ман муовинии раиси Кумитаи олимии кишварро ба ӯҳда дорам. Мо тасмим гирифтем варзишгаронамонро барои ширкат дар сабқати варзишие, ки дар Рио-де-Жанейро доир мешавад, омода кунем, то обрӯи Тоҷикистонро баланд бардорем. Ҳамчунин ман дар ноҳияи Ёвон раҳбари филиали “Ориёнбонк” ҳастам ва фикр мекунам, то ҳол корам бад нест. Албатта, боз мардум ба фаъолияти мо баҳо медиҳанд. Ин корҳо ба ҳамдигар халал намерсонанд, баръакс фоида меорад. Зеро ҳоло ман ҳам таҳлили бонкиву соҳибкорӣ ва ҳоло боз варзишро омӯхта истодаам ва барои ман ҳамчун як ҷавоне, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад, ҷои ифтихор аст.

Радиои Озодӣ: Шумо писари марҳум Асадулло Ғуломов собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон ҳастед. То куҷо ин маснади падар дар сохтани карйера ба Шумо кӯмак кард?

Акбар Ғуломов: Аввал ин, ки ман фахр мекунам, ки фарзанди Асадулло Ғуломов ҳастам, зеро таҳти тарбияи ӯ, ман ватандӯстиву кор карданро омӯхтам. Вақте ба соҳибкорӣ машғул будам, падарам дастгирӣ мекарданд, ба он маънӣ, ки доим насиҳатҳои хуб менамуданд, вале дар кор дахолат намекарданд. Мо ҳама вақт аз дӯстон ва ҳамкорони ӯ мо миннатдор ҳастем, ки моро дастгирӣ мекунанд. Бахусус аз президенти Тоҷикистон, ки доим дар фикри соҳибкорон ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Ният доред дар оянда ягон коргоҳи дигар низ таъсис бидиҳед ё бо ҳамин корхонаи истеҳсоли гипсокартон иктифо мекунед?

Акбар Ғуломов: Мо дар ноҳияи Данғара бо иштироки президент ба бунёди се корхонаи дигар шурӯъ кардем. Аз ҷумла заводи семент, ки бузургтарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд. Корхонаи дуввум ба барориши тамоми маҳсулоти шишагин машғул мешавад. Корхонаи саввум плиткаҳои керамикӣ истеҳсол хоҳад кард, ки то имрӯз ин навъи маҳсулот низ дар Тоҷикистон истеҳсол намешуд. Худо хоҳад, дар соли 2016 ин коргоҳ аллакай ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Яъне бунёди ин корхонаҳо танҳо бо маблағгузории худӣ сурат мегиард?

Акбар Ғуломов: Маблағгузорӣ ҳам аз тарафи худи мо мешавад ва ҳам аз хориҷиён. Саҳҳомоне, ки бо мо якҷоя кор мекунанд, ширкатҳои маъруфи ҷаҳониянд. Ҳамаи ин лоиҳаҳои муштаракро онҳо новобаста ба бӯҳрони молӣ саҳм мегузоранд ва корҳои сохтмонӣ идома доранд.

XS
SM
MD
LG