Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" вориди Ромадӣ шуд


Гурӯҳи «Давлати исломӣ» рӯзи шанбе бинои ҳукумати маҳаллии шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбори Ироқро, ишғол карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ситезаҷӯён дар канори бинои шаҳрдорӣ ва қароргоҳи полиси шаҳр дасти кам шаш мошинро тарконида, аз миномётҳо истифода бурданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, даргириҳо идома доранд.

“Давлати исломӣ” чанд моҳ боз талоши таҳти назорат гирифтани ин вилояти аз ҷиҳати стратегӣ муҳимро дорад. Вазъияти Анборро ахиран нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ ва муовини раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден телефонӣ баррасӣ карданд. Байден ваъда дод, ки Амрико артиши Ироқро бо силоҳи вазнин таъмин мекунад.

Артиши Ироқ рӯзи 16 май хабар дод, ки ба Ромадӣ нерӯҳои иловагиро фиристодааст. Як намояндаи низомии Ироқ дар сӯҳбат бо телевизиони миллӣ гуфт, ки ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА аз шоми 15 май ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” зарба мезананд. Генерал Саъд Маан Иброҳим аз тафсилот дар бораи набардҳо дар Романдӣ худдорӣ кард ва аммо ваъда дод, ки ситезаҷӯён соатҳои наздик аз ин шаҳр берун карда мешаванд.

Аз ин пеш мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар роҳ сӯи Палмира, шаҳри бостонии Сурия, 23 нафар, аз ҷумла, чанд зану нӯҳ кӯдакро эъдом карданд. Рӯзи 14 май ҳам онҳо дар канори Палмира 26 нафарро кушта буданд.

Мақомоти Сурия ва Ирина Бокова, раҳбари ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ, аз он нигаронанд, ки ситезаҷӯён баъд аз вуруд ба Палмира ҳама ёдгорҳои таърихии шаҳрро хароб мекунанд. Аз ин пеш гурӯҳи “Давлати исломӣ” ёдгориҳои нодири шаҳрҳои қадимаи Нимрӯд ва Ҳатраро нобуд карда буд.

XS
SM
MD
LG