Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 12 май аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои ин манбаъ, дави миллӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 9-и субҳ - оғоз меёбад. Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли дави миллӣ тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукот супурда хоҳад шуд.
Ба иттилои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дави миллӣ дар пойтахти кишвар аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом мерасад.