Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 30 апрел дар Душанбе, дар қароргоҳи ин кумита барпо гардид, масъалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чунон ки Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зикр намуд, дар ҳамин ҳол 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 талош доранд.
Ба ин қабил варзишгарон, гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Зелимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон шомиланд.
Дар ҷаласаи мазкур раисони федератсияҳои миллии дзюдо (Нурулло Лоиқов), бокс (Бобоҷон Маҳмадрасулов), гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ (Саламшо Муҳаббатов) ва таэквондо WTF (Исматулло Хоҷаев) дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016 таклифҳои судманд пешниҳод карданд.
Дар ин ҷаласа ҳайати Ситоди фаврӣ оид ба татбиқи “Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва ширкати ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо” тасдиқ шуд, ки сардори он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, таъин гардид.
Кумитаи иҷроия, инчунин нақшаи чорабиниҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи олимпӣ тасдиқ кард. Дар ин ҷаласа масъалаи ташкилӣ низ баррасӣ гашт. Бо тасмими кумитаи иҷроия раҳбари ҶДММ “Ғаюр Семент” Акбар Ғуломов муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин шуд.