Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастфишории "таърихӣ"-и Барак Обама ва Раул Кастро


Барак Обама -- раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва Раул Кастро -- раҳбари Куба дар долонҳои нишасти сарони кишварҳои қораи Амрико дар Панама дасти якдигарро фишурданд.

Аз ин пеш Барак Обама ва Раул Кастро дар маросими дафни раҳбари Африқои Ҷанубӣ -- Нелсон Мандела дар моҳи декабри соли 2013 бо ҳам сӯҳбати кӯтоҳ доштанд. Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ он вақт изҳор намуда буд, ин мулоқот пешакӣ тарҳрезӣ нашуда буд ва тасодуфан ба вуқуъ пайваст.

Ба навиштаи расонаҳо, ки дастфишории Обама ва Кастро дар Панамаро "таърихӣ" унвон кардаанд, раҳбари Амрико дар сӯҳбати кӯтоҳ бо ҳамтои кубагияш изҳори умед намуд, ба зудӣ зиндагии сокинони Куба беҳтар хоҳад шуд. “На барои он ки мо Иёлоти Муттаҳида, инро болояшон таҳмил мекунем, балки тавассути истеъдоду илҳоми кубагиҳо ва дар ҷараёни баҳсҳои озод миёни онҳо беҳтарин роҳ барои ояндаи шукуфон интихоб хоҳад шуд,"-тавзеҳ кард Обама.

Қарор аст, рӯзи шанбе, 11 апрел, нахустин дар 56 соли ахир мулоқоти расмии сарони ду кишвар баргузор шавад. Бори ахир соли 1959 Фидел Кастро, ки ба тозагӣ дар Куба сари қудрат омада буд ва Ричард Никсон, нойиби раисиҷумҳури ИМА, бо ҳам гуфтушунид крада буданд. Ду сол баъд робитаҳои дипломатӣ миёни ду кшивар қатъ шуданд.

Дастфишории Обама ва Кастро дар нишасти Панама
Дастфишории Обама ва Кастро дар нишасти Панама

Барак Обама, охирҳои соли гузашта хабар дод, ки Вошингтон ва Ҳавана розӣ шудаанд, ки робитаҳои дипломатии байни ҳамдигарро аз сар гиранд. Бино ба созиши ҷонибҳо, муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷаҳонгардӣ миёни ИМА ва Куба эҳё карда мешаванд. Ҳамзамон Раул Кастро низ дар Ҳавана дар бораи тасмими эҳёи робитаҳои дипломатӣ бо Амрико изҳорот нашр кард. Ду изҳорот дар ҳоле пахш шуданд, ки Алан Гросс, як корманди созмони имдодрасонии Амрико дар Куба 17 декабр баъд аз панҷ сол дар чаҳорчӯбаи доду гирифти зиндониён маҳбасро тарк намуд. Гросс 3 декабри соли 2009 барои ворид кардани таҷҳизоти мамнуъ ба Куба барои 15 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Моҳи январ Роберт Ҷейкобсон, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар нимкураи ғарбӣ, ба хотири музокирот бо ҳукумати Куба оид ба муҳоҷират дар чаҳорчӯби эҳёи равобити дипломатӣ вориди Ҳавана шуд ва ба тамоси рӯ ба рӯи ҳайатҳои ду кишвар ибтидо гузошт.

Ба иттилои расонаҳо, дар чаҳорчӯби эҳёи равобити дипломатӣ ифтитоҳи сафоратхонаҳо ва додани раводид ба шаҳрвандони ИМА ва Куба пешбинӣ шудааст.

Қабл аз ифтитоҳи нишасти сарони қораи Амрико дар Панама Барак Обама изҳор намуд, ки аз ин баъд Иёлоти Муттаҳида ба ин осонӣ ба умури кишварҳои Амрикои Лотинӣ дахолат нахоҳад кард.

Дар нишасти Панама сарони 35 кишвари қораи Амрико ширкат доранд. Зимнан, Куба барои нахустин бор ба ин нишаст даъват шудааст. Ба иттилои расмӣ, наздикшавии равобити ИМА ва Куба дар меҳвари нишасти Панама қарор дорад. Сарони кишварҳо равобити миёни Амрико ва Венесуэларо низ баҳсу баррасӣ мекунанд. Қабл аз нишаст раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро изҳор намуд, ки аз Барак Обама лағви таҳримҳо алайҳи сиёсатмадорони кишварашро талаб хоҳад кард.

Нишасти сарони кишварҳои Амрико ба хотири ташаккули стратегияи муштарак дар ҳалли мушкилоти қора баргузор мешавад. Нахустин нишаст 21 сол пеш дар Майами доир шуда буд.

XS
SM
MD
LG