Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми зиддиҳавоии Русия бо ОМ


Генерал Павел Кураченко, муовини раиси Кумитаи ҳамоҳангии дифои зиддиҳавоии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои муштаракулманофеъ гуфтааст, Русия бо Тоҷикистону Қирғизистон таҳияи қарордод дар бораи ташкили низоми муштараки минтақаиро оғоз кардааст.

Кураченко баъд аз хатми ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангӣ дар шаҳри Душанбе ба матбуот гуфтааст, онҳо бештар ба ташкили низоми ягона ё низоми муштараки дифои зиддиҳавоӣ дар самтҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ бартарӣ медиҳанд.

Ба гуфтаи вай, таҳияи қарордодҳои зарурӣ дар ин бора то моҳи октябри соли 2015 ба поён мерасад ва барои имзо пешкаш мешавад. Сипас ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иҷрои қарордодҳо таҳия хоҳанд шуд. Ба он аз ҷумла раҳнамудҳо роҷеъ ба фаъолияти нерӯҳои навбатдор, дар бораи маркази фармондеҳӣ дохил мешавад.

XS
SM
MD
LG