Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 2 млрд. рубл фоидаи Русия аз патент


Константин Ромодановский
Константин Ромодановский

Мақомоти Русия мегӯянд, дар се моҳи охир аз ҳисоби патенти муҳоҷирон ба буҷаи ин кишвар 1 миллиарду 600 миллион рубл ворид шудааст. Дар ин бора Константин Ромодановский -- сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба расонаҳои хабарии ин кишвар иттилоъ додааст.

Ӯ гуфтааст, дар соли гузашта аз ҳисоби патенти муҳоҷирон ҳамагӣ 18 миллиард рубл ба даст омада буд, “аммо бо ҷорӣ шудани патенти нав ҳарсола ба буҷаи кишвар аз 80 то 100 миллиард рубл ворид хоҳад шуд”. Ромодановский сабаби ба даст овардани маблағи зиёд аз ҳисоби патенти навро шарҳ дода гуфтааст, агар дар гузашта барои шаҳрвандони кишварҳои бераводид муҳдудият ҷорӣ буд, ҳоло мувофиқи патентҳои нав ин маҳдудият комилан бардошта шудааст ва ҳар нафаре метавонад бо дарёфти патент соҳиби ҷои кор шавад.

Ба гуфтаи сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар аслан аз Узбакистону Тоҷикистон ва Озарбойҷону Арманистон меоянд. Аммо шароити нави патент дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ боиси саргардонии муҳоҷирони тоҷик шуда, ба кисаи онҳо қариб 80 миллион доллар зиён овардааст.

XS
SM
MD
LG