Раисиҷумҳури Русия дар шарҳи ҳаводиси як соли пеш дар филми «Қрим. Роҳ ба сӯи Ватан», ки рӯзи 15 март аз тариқи шабакаи телевизионии «Россия 1» намоиш дода шуд, гуфт, "мо ҳақ надоштем, ин қаламрав ва одамонеро, ки он ҷо ба сар мебаранд, ба ҳоли худ ва зери пойи миллатгароҳо гузорем".
Филм як рӯз пеш аз солгарди раъйпурсие намоиш дода шуд, ки дар он тақрибан 97 дар сади сокинони Қрим барои ҳамроҳшавии нимҷазира ба Русия овоз доданд. Владимир Путин изҳор намуд, ки то “тасарруфи қудрат дар Украина”, яъне, то табдили ҳукумат баъд аз гирдиҳамоиҳои чандмоҳа дар Майдони Киев, ӯ дар бораи ба Русия баргардонидани нимҷазираи Қрим андеша намекард. Аммо, ба иқрори сарвари Русия, ҳаводиси Киев ва имкони эъдоми раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович Маскавро барои тасмим дар мавриди Қрим водор кардааст.
Владимир Путин гуфтааст, "ман раҳбарони хадамоти вижаамон, вазорати дифоъро ба Кремл даъват кардам ва назди онҳо вазифа гузоштам, ки ҷони раисиҷумҳури Украинаро наҷот диҳанд... Мо омода будем, ки ӯро ҳатто аз Донетск аз тариқи роҳҳои заминӣ, баҳрӣ ё ҳавоӣ берун кунем. Ин байни рӯзҳои 22 ва 23-ум феврал буд. Мо корҳоро тақрибан соати 7-и субҳ анҷом додем, Ва ҳангоми хайрухуш ман ба ҳамкоронам гуфтам, мо маҷбурем, ки корҳоро барои бозгардони Қрим ба ҳайати Русияро шурӯъ кунем".
Аз ин пеш ҳукумати Русия борҳо гуфтааст, ки танҳо пас аз баргузории ҳамапурсии рӯзи 16 марти соли 2014 ва пуштибонии аксарияти аҳолии ин минтақа, Қрим ба Русия ҳамроҳ карда шудааст.
Владимир Путин дар сӯҳбат бо муаллифони филм таъкид кардааст, ки ҳадафи Маскав роҳ надодан ба хунрезӣ дар нимҷазираи Қрим буд. Ба гуфтаи ӯ, Кремл аз иҷозаи Шӯрои Федератсия барои вуруди нерӯҳои низомӣ ба Украина истифода накард. Раисиҷумҳури Русия афзуд, ки Маскав, бар пояи созиши байнулмилалӣ оид ба Флоти Баҳри Сиёҳ, ҳақ дошт, ки дар он ҷо 20 ҳазор низомии худро нигаҳ дорад, аммо теъдодашон он вақт хело камтар аз ин рақам буд.
Сарвари Русия дар филми «Қрим. Роҳ ба сӯи Ватан» гуфтааст, ки аз нигоҳи ӯ, пушти саҳнаи тағйири қудрат дар Украина мақомоти Амрико нишаста буданд. Ба гуфтаи ӯ, "ин гуна ба назар мерасид, ки гӯё аз мухолифини давлати Украина аврупоиҳо пуштибонӣ мекунанд, вале мо медонистем, ки риштаи лухтакҳо дар дасти ҳамкорону дӯстони амрикоии мо буд". Владимир Путин мутмаин аст, ки маҳз амрикоиҳо ба миллатгароҳои украинӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳо кӯмак мекарданд. Тамрини ин гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави Лаҳистон ва Литва сурат гирифтааст.
Сарвари Русия мақомоти амрикоиву аврупоиро дар он айбдор кардааст, ки онҳо ба табаддулоти давлатӣ дар Украина мусоидат намудаанд.
Раъйпурсӣ дар нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол рӯзи 16 марти соли 2014 баргузор шуд. Дар варақаҳои раъйпурсии рӯзи якшанбе ду суол сабт шуда буд -“Оё шумо ҷонибдори пайвастани Қрим бо Русия ҳамчун як бахши Федератсиони Русияед”” ва “Оё Шумо аз эҳёи Қонуни асосии Ҷумҳурии Қрим аз соли 1992 ва мақоми Қрим чун як бахши Украина ҷонибдорӣ мекунед?”. Ба иттилои расмӣ, аз пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия тақрибан 97 дар сади ширкаткунандагони раъйпурсиии рӯзи якшанбе пуштибонӣ кардаанд.
Ҳукумати Киев, раҳбарони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ раъйпурсии Қримро “ғайриконститутсионӣ” номиданд.
Қарордод дар бораи пайвастани Қрим ва Севастопол ба Русия рӯзи 18 март имзо шуд. Баъдан онро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федерсияи Русия тасвиб карданд. Палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони Русия ҳамчунин қонуни конститутсионӣ дар бораи таъсиси ду минтақаи нав – Ҷумҳурии Қрим ва шаҳри дорои аҳамияти федеролӣ – Севастополро пазируфтанд. Владимир Путин зери ҳарду санад имзо гузошт.
Илҳоқи Қрим ҷомеъаи ҷаҳониро барои эъломи таҳримҳо болои Русия водор сохт. Ин таҳримҳо боиси ду баробари коҳиш ёфтани қурби пули русӣ ва бӯҳрон дар иқтисоди Русия шуданд. Садҳо мансабдорони воломақом ва тоҷирони Русия ва ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск аз имкони сафар ба давлатҳои Аврупо ва Амрико маҳрум шуданд, ҳисобҳои бонкии онҳо дар ин кишварҳо мунҷамид шудаанд.