Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзи 4-уми март, дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, оғоз ёфт. Дар нахустин даври мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 4-уми бозӣ ва Аҳтам Назаров дар дақиқаи 65-ум ба самар расонданд.
Дар сабқати ниҳоӣ ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо ду дастаи беҳтарини минтақаи Хатлон - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Данғара»-и Данғара, ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Қайроққум»-и Қайроққум, чаҳор дастаи минтақаи Душанбе - “Истиқлол”-и Душанбе, ССКА “Помир”-и Душанбе), “Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хайр»-и Ваҳдат мебошанд.
Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» - CСКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Данғара» (Данғара), гурӯҳи «Б» - «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Кайроққум), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).
Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ, ки 15-уми март маълум мешавад, бо Ҷом, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастае, ки ҷойи севумро мегирад, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
Ҷоми ФФТ-2015
Марҳилаи ниҳоӣ. Гурӯҳи «Б»
«ИСТИҚЛОЛ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 2:0
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 4 (1:0). Аҳтам Назаров, 65 (2:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Соҳиб Саванкулов, Пётр Ковалчук, Эраҷ Раҷабов (Алишер Сафаров, 46), Хосе Баллестер, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Умедҷон Шарифов, 46), Бледа Родригес (Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Дилшод Восиев (Ромиш Ҷалилов, 70), Фатҳулло Фатҳуллоев (Аҳтам Назаров, 46).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Алишер Шарифов, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Фарҳод Холбеков (Акбар Бобомуродов, 70), Нозим Бобоҷонов, Расул Файзов (Ҷамолиддин Зардиев, 65), Фирӯз Қараев, Сорбон Карамов, Бахтиёр Қаландаров, Комил Саидов (Фаррух Чориев, 75).
Огоҳонида шуданд: Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов («Истиқлол»), Алишер Шарифов, Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Диловар Орзуев (Ҳисор).
4 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар майдонҳои асосиву эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.
Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ.
Гурӯҳи «А»: ССКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Данғара» (Данғара).
Гурӯҳи «Б»: «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Қайроққум), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).
4 март (чоршанбе)
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» - 2-0
6 март (ҷумъа)
12.00 – «Регар-ТадАЗ» – «Қайроққум»
15.00 – «Равшан» – «Истиқлол»
7 март (шанбе)
12.00 – ССКА «Помир» – «Данғара»
15.00 – «Хайр» – «Хуҷанд»
8 март (якшанбе)
12.30 – «Истиқлол» – «Қайроққум»
15.00 – «Равшан» – «Регар-ТадАЗ»
9 март (душанбе)
12.00 – «Хуҷанд» – ССКА «Помир»
15.00 – «Данғара» – «Хайр»
10 март (сешанбе)
12.00 – «Қайроққум» – «Равшан»
11 март (чоршанбе)
12.00 – «Хуҷанд» – «Данғара»
15.00 – ССКА «Помир» – «Хайр»
13 март (ҷумъа)
1/2 финал
12.00 – ҷойи 1-и гурӯҳи «А» – ҷойи 2-и гурӯҳи «Б»
15.00 – ҷойи 2-и гурӯҳи «А» – ҷойи 1-и гурӯҳи «Б»
15 март (якшанбе)
12.00 – Бозӣ барои ҷойи севум
15.00 – Финал