Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамимаву Хадиҷа дар Сурия чӣ меҷӯянд?


Полиси Бритониё аз фирори се духтари толибилми як мактаби Лондон ба Туркия ба хотири пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” хабар дод.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, полиси Бритониё талош дорад, то Шамима Бегуми 15-сола, Хадиҷа Султони 16-сола ва як духтари навраси дигар, ки ному насабаш алҳол махфӣ нигаҳ дошта мешавад, ба убур аз марзи Туркияву Сурия муваффақ нашаванд. Дар бораи фирори ин се духтари наврас мақомоти Туркия дар ҷараён гузошта шудаанд. Онҳо дар як мактаби воқеъ дар минтақаи Бентал Грини Лондон мехонданд ва рӯзи сешанбе аз фурудгоҳи Гэтвик ба Туркия парвоз карданд.

Масъулини полис мегӯянд, яке аз дугонаҳои ин духтарони мактабхон моҳи декабри соли гузашта ба Туркия рафта буд ва шояд бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шуда бошад.

Ричард Уолтон, яке аз масъулини полиси маҳаллӣ, ба хабаргузориҳо гуфт, волидайни духтарони “ҷиҳодӣ” аз сарнавишти онҳо сахт нигаронанд ва умедворанд, ки онҳо то ҳол вориди қаламрави Сурия нашудаанд. Ӯ афзуд, ки кормандони полис тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз Шамимаву Хадиҷа ва духтари саввум хостаанд, ки ҷасорат пайдо карда ба назди волидайни худ баргарданд, зеро дар Сурия шояд ба сарашон балои азиме биёяд.

Ричард Уолтон бо таассуф гуфтааст, теъдоди занону духтарони мусалмон, ки талоши пайвастан бо гурӯҳи “Давлати исломи”-ро доранд, ҳарчӣ бештар мешавад.

Охири моҳи гузашта маркази мустақили пажуҳишии “Институти муколамаи стратегӣ”, мақараш дар Лондон, хабар дод, ки дасти кам 550 зан аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба Сурия ва Ироқ рафта, ба ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шудаанд. Бар пояи ин гузориш, миёни онҳо теъдоди занҳое, ки бо иродати шавҳарҳояшон ва ба хотири фурӯ напошидани оила манзили худро тарк намудаанд, зиёд нест. Бештари онҳо, аз ҷумла, духтарони наврас ва занҳои солхӯрда ва ҳатто занҳои ҳомиладор, бо хоҳиши худ бо муҷоҳидон мепайванданд.

Як хонуми қирғизи узви "Давлати исломӣ"
Як хонуми қирғизи узви "Давлати исломӣ"

Муаллифон баъд аз пажуҳиши сабабҳои ин раванд ба натиҷае расидаанд, ки занҳову духтаронро норозигӣ аз рӯзгор, талоши идеологиву мазҳабии анҷоми коре ба хотири идеалҳо ва хоҳиши зани муҷоҳид шудан ба Сурияву Ироқ мебарад. Бино ба гузориш, занону духтарон, ки миёни онҳо намояндагони дигар адён ҳам хело зиёданд, зери таъсири аксу матнҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи муборизаи сартосарии “кофирон” алайҳи мусалмонҳо мондаанд. “Онҳо аз ишғоли мавзеъҳои нав аз сӯи “Давлати исломӣ” хушҳол мешаванд ва орзу мекунанд, ки дар ҳарчӣ бештар қаламрави Ховари Миёна ва ҳатто берун аз минтақа қавонини шариат ҷорӣ карда шавад”, -навиштаанд муаллифони гузориш.

Зимнан, дар урдугоҳҳои “Давлати исломӣ” занҳои мусалмон аз Осиёи Марказӣ ҳам ҳастанд. Инро дар сӯҳбат бо як сомонаи интернетӣ мусаллаҳе бо номи мустаори "Шерко Умар" тайид караа буд. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ин занону духтарон ихтиёран тану нафси худро ба ҷангиёни ин гурӯҳ мебахшиданд. “Инро “секс барои ҷиҳод” меномиданд ва ба ин гуна занҳо низ, тибқи таълимоти “Давлати исломӣ”, ваъдаи биҳишт дода мешуд. Аммо чунин занҳо бештар бо фармондеҳон буданд. Ман ягон ҷангии ҷиҳодии оддиро надидам, ки бо чунин занони мусалмон бошад", гуфта буд Шерко Умар.

Моҳи майи соли гузашта мақомоти амниятии Қирғизистон хабар доданд, ки ду духтари қирғиз – Асали 24-сола ва Шоҳинури 17-соларо аз Сурия пас овардаанд. Ба бовари мақомоти амниятӣ, онҳо дар Сурия ба ҷангиён "хидмат" мекарданд.

Гуфта мешавад, занҳои ҷонибдори “Давлати исломӣ” ба хабарҳо дар бораи бедодгариҳои ин гурӯҳ бовар надоранд ё бархе аз ин кушторҳоро “одилона” мехонанд. Дар ҳамин ҳол ба навиштаи хабаргузориҳо, мусаллаҳони ин гурӯҳ тайи 50 рӯзи аввали соли равон 72 нафарро эъдом кардаанд. Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Лондон, рӯзи ҷумъа, хабар дод, ки аз ибтидои сол аз сӯи гурӯҳҳои гуногуни исломӣ 103 нафар, аз ҷумла, чаҳор зан эъдом шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳукми эъдоми 31 нафар аз сӯи дигар гурӯҳҳо, аз ҷумла, “Ҷабҳат ал-Нусра” анҷом дода шудааст. Додгоҳи шариати шаҳри Ҳаритони вилояти Ҳалаб, ки бо гурӯҳи мусаллаҳи чеченҳо наздик аст, шаш нафарро ба қатл маҳкум кардааст. Гуфта мешавад, ки мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” 72 нафарро барои авбошӣ, ҳамҷингсгароӣ, тавҳини Худо, таҷовуз ба номуси кӯдак, ҷосусӣ ба навъи Эътилофи байнулмилалии зидди “Давлати исломӣ”, таҳқири Паёмбари ислом, “хиёнат ва ҳамкорӣ бо режими кофир” (манзур ҳукумати Димишқ аст), қочоқи сигору машрубот ва алайҳи “Давлати исломӣ” ҷангиданашон эъдом кардаанд.

XS
SM
MD
LG