Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобиноён баргаҳои вижаи овоздиҳӣ мехоҳанд


Нобиноёни Тоҷикистон хостори чопи баргаҳои интихоботӣ бо хатти барои онҳо ошнои брайлӣ шудаанд, то битавонанд мустақилона дар овоздиҳӣ ширкат кунанд, на бо кӯмаки дигарон.

Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон мехоҳад, ки варақаҳои овоздиҳии онҳоро дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2015 бо хатти брайлӣ - ҳуруфи хоси нобиноён - таҳия карда, овоздиҳии шаффофи ин қишри аҳолиро таъмин кунад. То ҳол беш аз 9 ҳазор нобинои аз ҳаққи овоздиҳӣ бархӯрдор дар Тоҷикистон бо раҳнамоии дигарон дар интихоботҳо иштирок мекарданд. Аммо ба назар мерасад, дар интихоботи қарибулвуқӯъ низ овоздиҳии нобиноҳо бо шеваи қадимӣ сурат бигирад.

Абдуманон Додозода, раиси дастгоҳи Кумиссиюни интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қонунгузории Тоҷикистон ба афроди нобино иҷоза додааст, ки бо як шахси холис вориди утоқи овоздиҳӣ шаванд ва раъйи худро бо кӯмаки он фард ба қуттии овоздиҳӣ бирезанд.

“Ин гурӯҳи овоздиҳандагон чандон зиёд нестанд. Барои ҳамин мо дастур медиҳем ба ҳавзаҳо, ки ба ин гуна нафарон шахсони холис кӯмак кунанд. Он шахси холис бояд аз рӯй виҷдон рафтор карда, шахси нобиноро, ки мехоҳад ба тарафдории ин ё он номзад овоз диҳад, кӯмак расонад. Дар қонун танҳо ҳамин роҳ пешбинӣ шудааст. Дигар роҳро мо пешбинӣ накардаем,” - гуфт раиси дастгоҳи КМИРТ.

Аммо Тӯрабек Давлатов, раиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд онҳо ҳанӯз дар интихоботи гузаштаи президентӣ барои нашри баргаҳои раъй бо хатти барояшон фаҳмои брайлӣ муроҷиат карданд, аммо аз ҷониби мақомот ба инобат гирифта нашуд: “Мо наметавонем ба ҳукумат дастур диҳем, ки ҳатман ин хостаи моро бароварда кунад. Чун тасмимро худи ҳукумат мегирад. Агар худи ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷӯҳ кунаду лозим донад, ки нобиноён худашон бояд райъашонро ба сандуқ бирезанд, гапи дигар аст. Мо барои нашри бюллетенҳо бо хатти брайлӣ омода ҳастем. Навтарин дастгоҳро дорем ва дар як рӯз то як миллион бюлеттенро чоп мекунем.”

Давлатов мегӯяд, нобиноҳо дар гузашта талош кардаанд, ки ҳатто дар парлумон намоянда дошта бошанд, то аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунад ва қарорҳои муфид барои ин қишри маълулро дар порлумон гузаронад. Аммо, мегӯяд ӯ, дар ин росто боре ҳам муваффақ нашуданд.

Раиси ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, ки синнаш ба 70 мерасад, мегӯяд, ҳанӯз аз солҳои Шӯравӣ ҳамсараш, ки ду дидаи бино дорад, чун шахси боэътимод ӯро дар интихоботҳо ҳамроҳӣ мекунад ва раъйашро ба сандуқ мерезад.

Иддае аз нобиноён низ зимни сӯҳбат гуфтанд, ки нашр нашудани бюллетенҳо бо хати брайлӣ на танҳо шаффофияти овози онҳоро зери суол мебарад, балки боиси нақзи ҳуқуқашон низ мешавад.

Оқилҷон Зиёдалиён, як узви 35-солаи ҷамъияти нобиноён мегӯяд, дар интихоботҳои гузашта нафаре номи ҳизбҳоро мехонд ва бо хоҳиши Оқилҷон номзади арзандаашро интихоб мекард: “Одам ҳамеша фикр мекунад, нафаре ба ҷой ту номи номзадҳоро дар барга хат мезанад, оё дуруст онро анҷом медиҳад ё не? Овози туро то куҷо дуруст мерасонад? Шаффофии овози мо аз виҷдони нафари дигар вобаста аст. Барои ин зиёд меҳоҳем ,ки бюллетенҳо бо хатти брайлӣ нашр шаванд ва мо худамон номзади арзандаамонро интихоб кунем.”

Ӯ як бародари нобинои дигар низ дорад, ки дар ноҳияи Фархор ба сар мебарад. Оқилҷон мегӯяд, ёд надорад, ки бародараш боре ба овоздиҳӣ рафта бошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқи ин қишри ҷомеа дар маркази кишвар чандон риоят намешавад, чӣ равад ба музофотҳо.

Нобиноён мегӯянд, бояд онҳо аз миёни худ дар парлумон ҳам номзад дошта бошанд, то ки аз ҳаққашон дифоъ кунанд.

Намунаи хати брайлӣ
Намунаи хати брайлӣ

Рустами 40-сола, як нобино аз ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ, ба хусус Қазоқистону Русия барои нобиноён ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо баргаҳои раъй ҳатман бо хатти брайлӣ нашр карда мешаванд. Аммо, ба гуфтаи Рустам, ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина иқдоме накардааст.

Соҳибназарони тоҷик ҳам мегӯянд, нашр нашудани баргаҳои раъй бо хатти барои нобиноён фаҳмо, боиси нақзи ҳуқуқи онҳо шуда, шаффофияти овозашонро низ зери суол мебарад. Абдуфаттоҳ Воҳидов, як масъули НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дуруст аст, ки барои нашри бюллетенҳо бо хатти брайлӣ маблағ лозим аст, аммо бояд ҳукумати Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои ин қишри ҷомеаро ба инобат гирад: “Шояд дар қонуни интихобот ин гурӯҳи одамон ба назар гирифта нашудаанд, аммо набудани бюллетенҳо бо хатти брайлӣ нақзи ҳуқуқи онҳост.”

Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон шумораи аъзоҳои худро расман беш аз 9 ҳазор мегӯяд, аммо ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, теъдоди ин қишри ҷомеа ба ҳудуди 15 ҳазор нафар мерасад. Зеро ба гуфтаи масъулони ин ҷамъият, на ҳамаи нобиноён худро расман сабти ном мекунанд.

XS
SM
MD
LG