Субҳи рӯзи 29 январ гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе якбора 20 дирам ва дар баъзе нуқтаҳои фурӯши дигари пойтахт ба 40 дирам афзоиш ёфта, аз як 1 сомониву 90 дирам ба 2,40 то 2,50 сомонӣ дирам боло рафт. Ғуфрон Саломов, фурӯшандаи яке аз нуқтаҳои газфурӯшии пойтахт гуфт, ки тайи ду рӯзи ахир харҷи интиқоли газ аз вилояти Суғд ба пойтахт бештар шудааст ва маблағи харҷу сарфи интиқоли газ ба болои нархи он гузошта мешавад. Вай афзуд, дирӯз ширкатҳое, ки аз вилояти Суғд гази моеъро ба Душанбе меоранд, ба нуқтаҳои фурӯш бо қимати 2 сомони ва баъд бо 220 дирам ва дар баъзе ҷойҳои шаҳр ба 2 сомониву 30 дирам дар ивази як литр пешниҳод карданд. Аммо ширкати “Фароз” мегӯяд, нархи пешинаи худро имрӯз ҳам ҳифз кардааст ва нуқтаҳои фурӯши он, як литр гази моеъ дар ивази як сомонӣ ва 90 дирам фурӯхта мешавад. Ҷаҳонгир Олимов, сухангӯи ширкати “Фароз” ба Озодӣ гуфт, азбаски гази моеъро аз Русия бо қатора оварда ва дар базаҳои вилояти Суғд нигоҳ медоранд ва сипас аз онҷо бо мошинҳо ба пойтахт ва минтақаҳои дигар интиқол дода мешавад, бинобар ҳамин бархе аз ширкатҳои қимати ин навъи сӯзишвориро боло бурдаанд.