Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андӯҳи Ҷӯрабеки Мурод аз даргузашти Руссос


Демис Руссос
Демис Руссос

Ҷӯрабеки Мурод, ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, даргузашти хонанда ва оҳангсози маъруфи Юнон - Демис Руссосро “талафоти бузург барои мардуми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон” донист. Демис Руссос рӯзи душанбе дар синни 68 аз олам даргузашт.

Ҷӯрабеки Мурод мегӯяд, ҳарчанд бо Демис Руссос ошноии наздик надошт, вале дар баъзе консертҳои байналмилалӣ якҷоя иштирок мекарданд. “Ман гоҳо Давлатманд Холовро Демисс Руссоси тоҷик ном мебурдам ва дар суҳбатҳоям мегуфтам, кашиши овози Давлатманд бо авҷи садои Руссос монанд аст”,-ба ёд меорад ин овозхони маъруфи тоҷик.

Демис Руссос хонанда ва оҳангсози маъруфи Юнон ва ҷаҳон дар моҳи июни соли 1946 дар шаҳри Александрияи Миср ба дунё омадааст. Пас аз он ки дар солҳои 50-уми қарни гузашта хонаводааш ба Юнон кӯч баст, Руссос дар соли 1963 бо ҳунармандони маъруфи Юнон - Вангелис ва Лукас Сидерас як гурӯҳи ҳунарии “Aphrodite's Child”-ро таъсис дод.

XS
SM
MD
LG