Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии 23 январ дар Душанбе гуфтанд, ки аз пули саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун 200 миллион сомонӣ дар "Ориёнбонк" ва 40 миллион сомонӣ дар "Тоҷиксодиротбонк" нигоҳдорӣ мешуд.
Исматулло Ҳакимов, ходими Сарраёсати хазинадории вазорати молия гуфт, аз ҳисоби депозитҳои саҳмияи Роғун, ки дар "Ориёнбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" гузошта шудаанд, ба суратҳисоби ин нерӯгоҳ 56 миллион сомонӣ фоида ворид шудааст. Ва афзуд: “То имрӯз ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун 890 миллион сомонӣ ворид шудааст. Аз ин маблағ 391 миллион сомонӣ то соли 2010 харҷ гардидааст. Ҳоло ҳамаи пасандозҳое, ки аз ҳисоби саҳмияҳои Роғун ба даст омада буд, мо аз бонкҳо бозпас гирифтем. Ҳоло онҳо дар суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадорӣ нигоҳ дошта мешаванд.”
Вазорати молияи Тоҷикистон барои сохтмони иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ 1,6 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст. Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳ 1 миллиарду 315 миллион сомонӣ ихтисос дода буд. Аммо аз ин маблағҳо соли гузашта танҳо 1 миллиарду 106 миллиони он дар сохтмон масраф шудааст.
Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии 23 январ гуфтанд, пули саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки то кунун дар "Ориёнбонк" (200 миллион сомонӣ) ва "Тоҷиксодиротбонк" (40 миллион сомонӣ) нигоҳдорӣ мешуд, бозпас гирифтаанд.
Шавкат Соҳибов, муовини вазири молия, дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ин маблағҳо ҳоло дар хазинаи ниҳоди зертобеи онҳо ва дар ҳисоби Роғун нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ афзуд, "то имрӯз ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун 890 миллион сомонӣ ворид шудааст. Аз ин маблағ 391 миллион сомонӣ то соли 2010 харҷ гардидааст."
Вазорати молияи Тоҷикистон барои сохтмони иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ 1,6 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст. Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳ 1 миллиарду 315 миллион сомонӣ ихтисос дода буд.
Арзёбии мусбати фанниву зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи ширкатҳои кирокардаи Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи сентябр яке аз хушҳабарҳои соли 2014 буд ва бисёриҳоро ба ин умедвор кард, кидигар “гиреҳи бузург”− и Роғун боз шудааст ва ҳеҷ монеа дар бунёди он боқӣ намемонад. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ дар баробари ризоияташ барои идомаи сохтмони Роғун, якбора худро ақиб кашид ва эълон кард, ки бехатар унвон шудани ин тарҳ маънои онро надорад, ки бонк ба он сармоягузорӣ мекунад. Ҳазинаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки аз 3 то 5 миллиард доллар ҳисоб шудааст, баробари будҷаи солонаи кишвар ва ҳатто бештар аз он аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба танҳоӣ имкони сармоягузории сохтмони онро надорад ва вақтҳои охир дар суханронии шахсонӣ расмӣ масъалаи бунёди Роғун қариб садо намедиҳад. Зимнан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёмаш ба порлумон, ки рӯзи 23− уми январ ироа ва беш аз 2 соат тултанҳо як маротиба аз Роғун ёдовар шуд.
Усмоналӣ Усмонзода вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳам ба суоли хабарнирон, кисохтмони асосии нерӯгоҳи Роғун кай шурӯъ мешавад посухи мушаххасе надод. Ӯ танҳо гуфт, “Бонки ҷаҳонӣ барои сармоягузории Роғун ба Ҳукумат пешниҳоде кардааст. Бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло ҳамаи вазорату идораҳо ин пешниҳодро омӯхта хулосаҳои худро ироа мекунад. Баъдан Ҳукумат қадамҳои баъдиро барои сохтмони ин нерӯгоҳ муайян мекунад.”
Ҷаноби Усмонзода афзуд, ҳоло дар мавзеи сохтмони нерӯгоҳи Роғун корҳои омодагӣ идома доранд. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки саҳмияҳои Роғунро харидорӣ кардаанд ин суолро медиҳанд, ки оё фоизҳои бонкие, ки аз пули саҳмияҳо ба даст омадааст миёни саҳмдорон тақсим мешавад ё хайр?
Ҷамшед Шерматов раиси Оҷонсии рушди бозори қоғазҳои қимматнок дар суҳбат бо радио Озодӣ дар ин робита гуфт, тақсим кардан ва ё накардани ин маблағҳоро шӯрои саҳмдорони Роғун ҳал мекунад. Дар ҷаласаҳои қаблӣ ин маблағҳо бо қарори ҳамин шӯро ба сохтмони Роғун равона шуд.
Чаҳор сол пеш дар пайи як маъракаи “номусӣ”-и фурӯши саҳмияҳои Роғун пеш 890 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд. Ин маблақ дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешавад. Соли 2013 Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ин маблағҳо аз ҳисоби баҳра ё сарбахш 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд ва гуфта мешуд, ин фоида моли саҳомони Роғун аст. Аммо аксари онҳое, ки саҳмияи Роғунро дар даст доранд, мегӯянд, ҳанӯз аз ин коғазҳо ҳеч фоидае нагирифтаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун, ки сарбандаш аз 300 то 335 метр баландӣ дошта, иқтидораш 3600 мегаватт хоҳад буд, дар сурати фаъол шуданаш метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад. Он гоҳ маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру деҳоти Тоҷикистон, ки ҳар сол аз моҳи октябр то апрел ҷорӣ мешавад, аз байн меравад. Азоби бебарқӣ чаҳор соли пеш ҳазорон нафарро водор кард, ки саҳмияҳои Роғунро харида, дар бунёди он ҳисса гузоранд. Ҳарчанд гуфта мешуд, қисме аз мардумро ба харидани саҳмияҳо маҷбур кардаанд, аммо даҳҳо нафар мегӯянд, бо амри дил ва аз рӯйи номус барои ин коғазҳо пул доданд, то ба ватани худ кумак кунанд.