Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу "Ревизор"-ро ба саҳна мемонад


Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театри тоҷик, ин шабу рӯз дар шаҳри Петропавловски Қазоқистон машғули таҳияи намоишномаи “Ревизор”-и Гогол будааст. Оқои Абдураззоқов дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 10 январи соли ҷорӣ ба Петропавловск рафта, ҳоло бо театри ин минтақаи Қазоқистон ҳамкорӣ дорад. Ӯ афзуд, бисёр мехост дар Тоҷикистон бимонаду бо театрҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ дошта бошад, вале ба қавли ӯ, “нашуд ва ночор ба инҷо омадам”.

Коргардони шинохтаи тоҷик мегӯяд, то моҳи марти соли ҷорӣ дар Қазоқистон хоҳад монд. Аммо дар робита ин суол, ки баъд аз моҳи март чӣ тасмиме дорад ва ё хоҳад гирифт, ҳеч посух надод.

Барзу Абдураззоқов 56 сол дошта, аз коргардонҳои маъруфи тоҷик ва фаъолони ҷамъиятист, ки солҳои охир дар Қирғизистон кору фаъолият дошт, вале ахиран ба далели бемории падараш ба Душанбе омада буд. Ӯ ду соли охир ба ҷоизаи “Беҳтарин коргардони театри Қирғизистон” сарфароз шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав мебошад ва ҳамроҳ бо коргардони дигари тоҷик -- Валерий Аҳадов дар ташкили театри «Нимҷазира» ширкат кардааст. Аммо бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ кори ин театр бо гузоштани ду намоишнома қатъ шуд. Вале тӯли ин ҳама солҳо Барзу Абдураззоқов ба унвони як коргардони маъруф ва чирадаст на танҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз он низ эътироф мешавад.

XS
SM
MD
LG