Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонҳои Фаронса тасвири нави Паёмбарро "нодида" гирифтанд


Нашри тасвири нави танзомези Паёмбари ислом дар Ғарб "арҷгузорӣ ба озодии баён" ва "бузургдошти қурбониёни ҳамла ба маҷаллаи "Шарлӣ Эбдо" унвон шуд, вале мавриди интиқод дар бархе аз кишварҳои мусалмонӣ қарор гирифт.

Гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб", ки дар Яман мустақар аст, бо нашри як хабари видеоӣ масъулияти ҳамла ба идораи маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” дар Порисро бар ӯҳда гирифт.

Дар ин навори видеоӣ, ки рӯзи 14 январ нашр шуд, раҳбари гурӯҳи "Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб" Нусра ал-Ансӣ гуфтааст, ки ҳамлагарон аз онҳо дастури ҳамла ба маҷалла дар посух ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари исломро гирифта буданд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо баъд аз амри раҳбари “Ал-Қоида” Аймон Завоҳирӣ, маҷаллаи фаронсавиро ҳадафи ҳамла қарор дода, тарҳи ҳамларо кашиданд ва онро сармоягузорӣ намуданд. Нусра ал-Ансӣ Фаронса “диёри шаётин” номида, ҳушдор додааст, ки ин кишварро фоҷиаву террори зиёд дар пеш аст.

Ёдовар мешавем, бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Омилони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Кучӣ ду рӯз баъд дар амалиёти вижаи полис дар як шаҳри канори Порис кушта шуданд. Бар асари ҳамлаҳо як хонуми полисмен, чаҳор нафар дар мағозаи яҳудӣ, дар маҷмӯъ 17 нафар ҷон бохтанд.

Ҳукумати Фаронса рӯзи 14 январ хабар дод, ки шурӯъ аз рӯзи ҳамла ба маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” дасти кам 50 нафари пуштибон аз терроризм боздошт шудаанд.

Изҳороти гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” дар ҳоле нашр шуд, ки як ҳафта баъд аз ҳамлаи террористон дар Порис, се миллион нусхаи маҷаллаи “Шарли Эдбо” рӯзи 14 январ вориди дукону фурӯшгоҳҳо шуд. Дар муқова тасвири танзомези Паёмбари ислом Муҳаммад (с) бо чашми пуроб ва бо лавҳаи “Ман Шарлӣ!” чоп шудааст. Дар болотари тасвир навишта шудааст “Ҳама чиз бахшида шуд”.

Шумораи махсуси маҷалла бо шаш забон, аз ҷумла, арабиву туркӣ нашр шуда, қарор аст, ки дар 25 кишвар фурӯхта шавад.

Марзия Акфам
Марзия Акфам

Нашри тасвирҳои нави Паёмбари ислом вокуниши манфиии олами исломро ба бор овард ва аз ҷумла дар Эрон онро “таҳқир” ва “дасиса” номиданд. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Марзия Афхам рӯзи 14 январ гуфт, ки нашри тасвирҳо “эҳсосоти мусалмонҳоро боло бурда, ба иззати нафси онҳо мерасад” ва метавонад шӯълаи ифротгароиро рӯшантар кунад.

Муфтии олии Миср Шавқӣ Аллом ҳам нашри тасвирҳои Паёмбари исломро “дасисаи бидуни кафолат” номид ва гуфт, ки он "мавҷи нави нафрат ба ҷомеъаи Фаронса ва Ғарбро бармеангезад”. Иттиҳодияи байнулмилалии уламои ислом, мақараш дар Қатар, эълом дошт, ки нашри тасвирҳо ваё навори филмҳо бо ҳамла ба Паёмбари ислом дур аз хираду мантиқ аст. Ба иддаоми ин ниҳод, нашри карикатураҳо ақидаеро, ки Ғарб душмани ислом аст, тақвият мебахшад ва боиси “нафрату ифротгароиву ташдиди авзоъ” мегардад.

Озода Киён
Озода Киён

Озода Киён, устоди ҷомеъашиносии Донишгоҳи Порис-7 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯҳониёни маъруфи ислом дар Фаронса аз мусалмонони кишвар хостанд, ки оромиро ҳифз кунанд. “Аммо воқеъият ин аст, ки мусалмонҳои эътиқодманд мутмаинанд Паёмбари ислом дубора мавриди тавҳин қарор гирифтааст. Вале дар мавриди он ки онҳо ба чӣ шевае эҳсоси худро нишон хоҳанд дод, чизе гуфтан душвор аст. Аксари мусалмонҳо ҳеҷ вокунише нахоҳанд кард, шояд чанд нафар вокунишҳое нишон диҳанд, шабеҳи ҳамла ба дуконҳои маҷаллафурӯшӣ”.

Хонум Озода меафзояд, “аксари фаронсавиҳо аз чопи тасвири танзомез истиқбол карданд, зеро онро бузургдоште барои “Шарлӣ Эбдо” медонанд. Вале ман дар рӯзномаҳои гуногуни Фаронса чанд ёддоштро ба он маъно ҳам хондам, ки оё воқеъан ҳам нашри муҷаддади карикатурҳо ё нашри тасвирҳои нави танзомез зарур буд?” Ҳамзамон ба гуфтаи Озода Киён, бисёриҳо иқрор мекунанд, ки "ин дафъа тасвири бисёр меҳрубоне аз Паёмбари Ислом нашр шудааст, бар хилофи карикатураҳои собиқ, ки дар онҳо Паёмбарро хашин нишон медоданд. Ин тасвир мехоҳад нишон диҳад, ки Паёмбари ислом як чизро мегӯяд ва ифротгароҳои исломи чизи дигарро”.Вале, меафзояд мусоҳиби мо, “барои мусалмонҳо аслан кашидани тасвири Паёмбар мушкилзо аст”.

XS
SM
MD
LG