Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои эъдоми русҳо дар Сурия тафтиш мешавад


Сафорати Русия дар Димишқ хабари аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” эъдом шудани ду корманди хадамоти ҷосусии Русияро тафтиш мекунад. Масъули бахши матбуоти сафорат Олег Самочкин рӯзи 14 январ ба хабаргузории “Интерфакс” гуфт, дар бораи шаҳрванди Русия будан ё набудани афроде, ки навори қатлашон ахиран пахш шуд, иттилое зери даст нест.

Аз ин пеш “Давлати исломӣ” навори видеоии эъдоми ду марди чун “кормандони хадамоти ҷосусии Русия” эълоншударо нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки ин ду нафар ҳадафи тири як кӯдак қарор мегиранд.

Ба навиштаи баъзе расонаҳо, қабл аз эъдом ин ду нафар, ки талоши вуруд ба сафи “Давлати исломи”-ро доштанд, мавриди бозпурсии тулонӣ қарор гирифтанд.

Дар навори видеоӣ яке аз асирон қабл аз эъдом мегӯяд, ки шаҳрванди Қазоқистон аст.

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) навори видеоиро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG