Гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб", ки дар Яман мустақар аст, бо нашри як хабари видеоӣ масъулияти ҳамла ба идораи маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” дар Порисро бар ӯҳдар гирифт. Хабаргузории Рейтер рӯзи 14 январ навишт, дар хабари видеоии гурӯҳи "Ал-Қоида дар нимҷазираи араб" гуфта шудааст, ки ҳамлагарон аз гурӯҳ дастури ҳамла ба маҷалла дар посух ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари исломро гирифта буданд.
Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Омилони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Кучӣ ду рӯз баъд дар амалиёти вижаи полис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд.
Изҳороти гурӯҳи “Ал-қоида” дар ҳоле нашр шуд, ки як ҳафта баъд аз ҳамла дар Порис се миллион нусхаи маҷаллаи “Шарли Эдбо” рӯзи 14 январ вориди дукону фурӯшгоҳҳо шуд. Дар муқова тасвири танзомези Паёмбари ислом Муҳаммад (с) бо чашми гирён ва бо лавҳаи “Ман Шарлӣ!” чоп шудааст. Дар болотари тасвир навишта шудааст “Ҳама чиз бахшида шуд”. Зайнаб ал-Ризоӣ, корманди “Шарлӣ Эбдо” мегӯяд, ин суханон ба он маъност, ки хабарнигорон ифротгароҳоро барои ҳамлаашон бахшидаанд. Шумораи махсуси маҷалла бо шаш забон, аз ҷумла, арабӣ нашр мешавад ва дар 25 кишвар фурӯхта мешавад. Зимнан, 3 миллион – бузургтарин тираж дар таърихи маҷалла аст, маъмулан “Шарлӣ Эбдо” бо теъдоди 60 ҳазор нусха нашр мешуд ва моҳҳои ахир дар вазъи хароби молиявӣ қарор дошт.
Хабаргузориҳо менависанд, ки аз субҳи чаҳоршанбе дар канори баъзе дӯконҳои Порис навбатии тӯлонии одамонро метавон мушоҳида кард.