Як хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 21-и ноҳияи Носири Хусрав, ки мақомот шартан аз ӯ Мавзуна ном мебаранд, “бар асари муноқишаҳои давомдор дар оила” ва “бадмастиҳои падараш”, худро овехтааст. Оймаҳмаҳмад Рамазонов, раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “худовезии Мавзуна дар ноҳия ва шояд дар вилоят бесобиқа мебошад. Ӯ бар асари муноқишаи хонаводагӣ ба танг омада, даст ба худкушӣ задааст.”
Рамазонов афзуд, Мавзуна номи шартии талабаи мактаб аст ва бо пурра рӯшан шудани сабаби марги ӯ, ному насаби аслии вай зикр карда хоҳад шуд. Вай мегӯяд, шаби ҷумъаи ҳафтаи гузашта ҷасади ин сокини деҳаи Олтинсойи ҷамоати “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусравро дар манзили зисташон пайдо карданд, ки бо ресмон худро овехтааст. Раиси ноҳияи Хуросон афзуд, “тафтишоти шӯъбаи умури дохилӣ нишон додааст, ки падари Мавзуна пайваста бадмастӣ карда, дар оила ҷангу муноқишаҳо барпо менамудааст. Аз ин рӯ Мавзунаи наврас тоқат накарда, худро овехтааст.”