Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кабоб барои Томио". Посухи озор муҳаббат аст?


Як сиёсатмадори ҷопонитабори чех аз мардум хостааст, ки аз ғазои ҳалол, аз ҷумла, кабоб парҳез кунанд. Дар ҷавоб тарабхонаҳои ҳалол бо баргузории маъракаи «Кабоб алайҳи ҳамоқат» сокинони Прагаро шоми 9 январ ба кабоби ройгон даъват карданд.

Томио Окамура, раҳбари ҷунбиши «Тулӯи мустақими демократия», ки дар парлумони Ҷумҳурии Чех 14 курсиро дар ихтиёр дорад, ахиран дар саҳифааш дар Facebook навишт, ки «ҳар кабоб – як қадам сӯи бурқа аст. Агар хонуми шумо рӯяшро бо чодар пӯшонад, чӣ гуна маззаи онро ҳис хоҳад кард?”. Ӯ бо такя ба ҳисоботи хадамоти амниятии Чехия афзудааст, ки ифротгароҳои исломӣ дар кишвар фаъоланд ва бархе аз ширкатҳои таъсискардаи мусалмонҳо терроризмро сармоягузорӣ мекунанд.

"БО ХУКҲО ДАР НАЗДИ МАСҶИД САЙРУГАШТ КУНЕД"

Томио Окамура
Томио Окамура

Томио Окамура, ки ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, бо изҳороти популистона ё авомфиребона ба саҳнаи сиёсат ворид шудааст, чехҳоро аз таҳдиди ҷиддӣ ба арзишҳои демократӣ ҳушдор дода, аз онҳо даъват кардааст, то “мероси ниёгонро аз ислом ҳифз кунанд”, “паёми возеҳ диҳанд, ки меҳмоннавозияшон беҳадду канор нест” ва аз ёд набароранд, ки “барои фардо дар кадом муҳит зистани фарзандонашон масъулият доранд”. Ӯ бо истифода аз ақидаҳои “ҳамсангар”-аш Иржи Кобза, корманди собиқи сафоратҳои Чехия дар Эрон, Миср ва Яман, аз мардуми маҳаллӣ хост, ки бо сагу хукҳо дар канори масҷидҳо гаштугузор кунанд.

Окамура соҳибони майкадаву тарабхонаҳои канори масоҷидро барои бо “Саги хуб” ё “Хуки нектолеъ” табдили ном намудани муассисаҳояшон талқин кардааст. Зимнан, Чехия аз кишварҳои ангуштшумори Аврупоист, ки он ҷо ягон масҷид нест.

Гурӯҳе дар Facebook дар посух ба ин изҳороти зиддиисломии Окамура маъракаи «Кабоб барои Томио»-ро созмон дод ва пешниҳодҳои сиёсатмадорро «хандаовар» номида, ҳамзамон таъкид кард, ки дар асл ҷунбиши «Тулӯи мустақими демократия» мехоҳад аз фоҷиаи Порис – ҳамла ба идораи маҷаллаи “Charlie Hebdo”, нафъи сиёсӣ бардорад.

Муассисони маъракаи “Кабоб барои Томио” гуфтаанд, ки ҳарду ҷониби баҳс ҳамлаи террористии Порисро шадидан маҳкум мекунанд ва гурӯҳро дар Facebook ба он хотир таъсис кардаанд, ки бовар доранд “аксарияти мусалмонҳо воқеан ҳам террорист нестанд ва аз терроризм пуштибонӣ намекунанд”. “Аз ин рӯ сабабе барои айбдор кардани мусалмонҳо дар амалҳое нест, ки мову онҳоро баробар ваҳшатзада мекунанд”, гуфтаанд созмондиҳандагони маъракаи “Кабоб барои Томио” дар Facebook.

Иржи Динстбир, вазири ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Чех, изҳороти зиддиисломии Томио Окамураро чун “ангезандаи ҳисси бадбиниву нафрат” арзёбӣ кард. Дигар сиёсатмадорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башари кишвар низ пушт сӯи Окамура карданд.

Томио Окамура, зодаи Токио, ки аз овони наврасӣ бо модари чехаш ба сар мебарад, аз ин пеш барои пешниҳоди ба Ҳиндустон истирдод кардани ҳама лӯлиҳо мавриди танқиди шадид қарор гирифта буд. Ин сиёсатмадор ду сол пеш довталаби курсии раисиҷумҳури Чехия буд, вале аз ширкат дар сабқат маҳрум монд, зеро комиссиюни интихоботӣ аз 61500 имзои пешниҳодкарди ӯ тақрибан 26 ҳазорашро “тақаллубӣ” хонда ботил кард.

ВАҚТЕ СИЁСАТМАДОР ЧОДАР БА САР МЕКУНАД...

Аз нигоҳи таҳлилгарон, чехҳо нисбати пайравони дигар дину мазҳаб таҳаммулпазиранд, вале бархе мансабдорону сиёсатмадорон гоҳо ҳадафмандона аз баёнияҳои зиддиисломӣ кор мегиранд.

Тобистони соли гузашта Владимира Лудкова, мушовири раиси яке аз ноҳияҳои шаҳри Прага, дархости ҷудо кардани замин барои оромгоҳи мусалмониро рад намуд ва дар шарҳи тасмим акси бинои шаҳрдориро нашр кард, ки гӯё болояш манораҳо пайдо шудаанд ва дар канораш гӯсфандҳо мечаранд. Ин гуна “бархӯрд” боиси эътирози мусалмонҳо шуд, ки зимнан ҳамагӣ як дар сад аз аҳолии даҳмиллионии Чехияро ташкил медиҳанд.

Яна Волфова
Яна Волфова

Дар маъракаи интихоботӣ ба Парлумони Аврупо номзад аз Ҳизби мустақил Яна Волфова ба нишони эътироз алайҳи муҳоҷирати мусалмонҳо ва “дифоъ аз тамаддуни насрониҳои Аврупо” бо чодари сиёҳ дар сар рӯи навори таблиғотӣ омад. “Шумо мехоҳед, ки духтар ё набераи шумо чодар ба сар кунад ё барои дар кӯча бо дӯсташ бӯсобӯсӣ кардан сангсор шавад?”-суол мекунад ин номзад, ки даъвои раҳбарӣ ба сиёсати муҳоҷират дар Комиссиюни Аврупоро дошт. “Мо исломӣ шудани Аврупоро рад мекунем!”- афзудааст Яна Волфова дар ин навор.

Ҳасан Юсуфи Ашкиварӣ, таҳлилгари масоили мазҳабии муқими Олмон, мегӯяд, ки мавзӯи “исломишавии Аврупо” рӯзҳои ахир воқеан ҳам доғ шуд. Дар Шветсия афроди ношинос масҷидҳоро ба оташ кашиданд. Ҳазорҳо нафар дар Олмон ҳам дар эътироз ба “омори зиёди муҳоҷирон ва таъсири рӯзафзуни ислом” даст ба тазоҳурот заданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, фақат дар шаҳри Дрезден 18 ҳазор нафар аз эътирозгарон ба майдонҳо рехтанд.

Аммо ҳамзамон биноҳои бузург дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумлаи калисои ҷомеи шаҳри Кёлн ва дарвозаи Бранденбург дар Берлин ба нишони эътироз ба ин тазоҳурот ва ҳамдилӣ бо мусалмонҳо чароғҳои худро хомӯш карданд. Тазоҳуроти ҷунбиши "Аврупоиёни ватанпараст"-ро ҳазорон сокинони Берлин, Кёлн, Дрезден ва дигар шаҳрҳо маҳкум карданд - ба иттилои пулиси Берлин, тақрибан 5 ҳазор нафар пеши роҳи раҳпаймоиҳои гурӯҳро бастаанд. Хабаргузориҳо навиштанд, ки дар маҷмӯъ 22 ҳазор нафар алайҳи тазоҳуроти ин гурӯҳ эътироз кардаанд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, эътирозҳоро “нажодпарастона” ва аз сӯи касоне хонд, ки қалбҳояшон моломоли нафрат аст.

"ХУШУНАТ ХУШУНАТРО БА БОР МЕОВАРАД"

Ҳасан Юсуфи Ашкиварӣ, мегӯяд, раванди вуруди мусалмонҳо ба Аврупо баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон шурӯъ шуд ва солҳои ахир, бар асари ҷангҳо дар Ховари Миёна, густариш ёфт ва теъдоди бузурги шаҳрвандони кишварҳои арабӣ ва Эрону Афғонистон дар ин қораи амн ва серу пур панаҳ ёфтанд. Аз нигоҳи ӯ, аз як сӯ, “кирдору рафтори ғарбиҳо таҳти унвони мубориза бо терроризм дар кишварҳои исломӣ ва кушта шудани низомиёнашон дар ин набардҳо хушунат алайҳи мусалмонҳоро дар Аврупо доман задааст. Ва посух ба хушунат маъмулан хушунат аст".

Аз сӯи дигар, ҳарчанд аксарияти мусалмонҳо қавонини зисти ғарбиро мепазиранд, бархе аз онҳо дар ин қора қонунҳои шариатро ҷорӣ карданӣ мешаванд ва табиист, ки ин мардуми бумиро нороҳату нигарон ва ҳатто бегонаситез мекунад. “Ҳамон гуна, ки як аврупоӣ ё ғарбӣ ба кишвари мо, бигирем ба Эрон меояд ва мо таваққуъ дорем, ки ӯ ба қавонину суннатҳои мо эҳтиром гузорад ва мо ҳатто ҳиҷобро болояш таҳмил мекунем, аврупоиҳо низ таваққуъи барҳақе доранд, ки мо мусалмонҳои ин ҷо меҳмон худро бо қавонини онҳо ҳамоҳанг кунем”, мегӯяд таҳлилгар.

МУСАЛМОНҲО ДУШМАНИ ХУДРО САДРНИШИН МЕКУНАНД?

Ҳасан Юсуфи Ашкиварӣ мегӯяд, “бархе аз аъмоли террористӣ, ифротгароиҳо, таассубҳо ва хушунатҳое, ки аз номи ислом сурат мегиранд, мутаассифона, исломҳаросиро дар Аврупо рӯз то рӯз ҷиддитар мекунад ва ин на манфиати ислом аст ва на ба манфиати мусалмонҳои муқими Аврупо”. Аз нигоҳи ӯ, ҳодисаҳое чун ҳамла ба маҷаллаи “Charlie Hebdo”, ки зимнан, ҳодисаи барои ин қора хело нодиру ваҳшатнок аст, на фақат Аврупоро такон медиҳад, балки “барои нажодпарастҳо ва касоне, ки мехоҳанд исломҳаросиро доман зананд, дастак мешавад - онҳо мехоҳанд аз ин оби гилолуд моҳӣ бигиранду созмону гурӯҳи сиёсияшонро як қадам ба пирӯзӣ дар интихобот наздик кунанд”. “Як дӯстам аз Порис бо ҳасрат ҳадс зад, ки мусалмонҳо бо ҳамла ба маҷаллаи “Charlie Hebdo” пояе маҳкаме барои пирӯзии душмани худ Жан Марин Ли Пен дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Фаронса гузоштанд”, афзуд Ҳасан Юсуфи Ашкиварӣ.

Жар Марин Ли Пен
Жар Марин Ли Пен

Озода Киён, устоди Донишгоҳи Порис-7 ҳам мегӯяд, ки аҳзоби ифротие чун Ҷабҳаи миллии Фаронса - ҳизби Жан Марин Ли Пен, “бо эҷоди ваҳшат аз муҳоҷирини мусалмон ва ислом барои худ раъй ҷамъ мекунанд”. Ва Ли Пен, ба гуфтаи ӯ, билофосила баъд аз ҳамлаи террористӣ дар Порис таҳдид кард, ки дар сурати пирӯзияш дар интихоботи президентӣ аз иқдомҳое кор мегирад. Аз сӯи дигар, афзуд Озода Киён, “гурӯҳҳое чун ваҳҳобиҳо ва салафиҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо дар Фаронса радикал шаванд ва сиёсат ҳам дар кишвар радикал шавад, вале мақомот пеши ин талошҳои онҳоро нагирифтаанд”. Хонум Киён мегӯяд, афроде, ки солҳои пеш бо гурӯҳҳои “Боко Ҳаром” ва “Ал-Қоида” ҳамкорӣ доштанд, баъд аз чанд муддат хомӯшӣ фаъолияти хушунатомез алайҳи давлати Фаронсаро аз сар гирифтанд.

Хонум Киён мегӯяд, ки густариши низоъ миёни мусалмонҳо ва мардуми маҳаллӣ пайомадҳои номатлуб хоҳад дошт. Аз нигоҳи ӯ, бояд дар Аврупо мубориза бо ваҳҳобиҳову салафиҳо ҷиддитар шавад, тақрибан 2 ҳазор нафар фаронсавиҳои мусалмон ё дини исломро пазируфта, ки аз сӯи “Давлати исломӣ” меҷанганд, баъди бозгашт аз Сурия бояд таҳти назорати шадид қарор бигиранд.

Аз сӯи дигар, мусалмонҳо бояд ҳамбастагии бештари худ бо мардуми маҳаллиро намоиш диҳанд ва дар тазоҳуроти густурдае, ки қарор аст рӯзи якшанбе дар Порис алайҳи терроризм баргузор шавад, ҳамроҳ бо фарзандону пайвандони худ ширкат кунанд. Озода Киён мегӯяд, ҳамон гуна, ки хушунат хушунатро ба бор меоварад, меҳрубониву ҳамдилӣ ҳам бидуни посух намемонад...

XS
SM
MD
LG