Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литсей, гимназия ё мактаби миёна? (ВИДЕО)


Дар як сӯҳбати сарироҳӣ, хабарнигори "Озодӣ" аз сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон пурсид, ки агар имкони хуби молиявӣ медоштанд, фарзандашонро дар кадом мактаб ба таҳсил фаро мегирифтанд?

Бархе аз мусоҳибон орзу доранд, ки фарзандонашон шомили литсейву гимназияҳо бошанд, аммо бархеи дигар гуфтанд, новобаста аз сатҳи дороияшон фарзандонашонро дар мактабҳои миёнаи ҳамагонӣ месупоранд.

Зане бо номи Мавлуда гуфт, ки "агар ман пули зиёд медоштам, фарзандамро дар мактаби миёнаи ҳамагонӣ месупоридам ва пуламро дар ҳамон мактаб сарф мекардам, то ки шароити таҳсил дар он мактабҳо низ боло равад. Муаллимони боқувват дар он мактабҳо ҳаст. Онҳо ба пул эҳтиёҷ доранд. Гимназияву литсейҳо аз ягон ҷиҳат танқисӣ намекашанд."

Нилуфар, ки худро сокини шаҳри Қӯрғонтеппа муаррифӣ кард, дар посух ба саволи хабарнигори “Озодӣ” гуфт, "агар имкони молии ман хуб мебуд, фарзандамро дар литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ ба таҳсил фаро мегирифтам. Чунки онҷо сифати таълим беҳтар аст. "

Бар акси Нилуфар, Сайфулло сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, майли фарзандашро дар литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ супоридан надорад. Ӯ гуфт: "Мехоҳам фарзанди ман забони модариашро хуб аз худ кунад. Ин барои ман муҳим аст. Забони англисӣ ҳам хуб аст, аммо забони туркӣ он қадар нуфуз надорад. Барои ҳамин мехоҳам фарзандам дар мактаби сирф тоҷикӣ таҳсил кунад."

Ин суол дар ҳоле бо сокинон матраҳ шуд, ки ахиран вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти литсейҳои тоҷикӣву туркиро тамдид накардааст. Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 барои як даҳсолаи дигар муҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шудааст. Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG