…Зиндагии осоиштаву ширин дар қасри боҳашамат, пироҳанҳои зебову рангоранг, мошини «шик», шавҳари қоматбаланду сарватманд… Муҳаррама Раҳимова, равоншиноси маркази «Гулрухсор» дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, дар аксар сериёлҳо, аз ҷумла, туркиву ҳиндӣ, ҳаётро маҳз ҳамин гуна зебову афсонавӣ тасвир мекунанд ва ҷавонон он қадар шефтаи ин гуна зиндагӣ мешаванд, ки воқеъияти баъди тӯй сахт афсурдаву навмедашон мекунад. Ӯ меафзояд, бештари духтарон бо гузашти айём тан ба тақдир медиҳанд, вале баъзеяшон роҳи наҷот аз ин ноумедиро дар талоқ ва ҳатто худкӯшӣ мебинанд – ба гуфтаи мусоҳиби мо, соли гузашта як арӯси ҷавон, ки зимнан ҳунарманд ҳам буд, баъди дарҳам рехтани рӯъёҳояш худро ба рӯди Сир андохт.
Муҳаррама Раҳимова бо такя ба иттилои расмӣ меафзояд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 7 ҳазор талоқ сабт шуд, ки назар ба як соли пеш 1100 талоқ ё тақрибан 19 дар сад зиёд аст. Мизони аз ҳама баланди талоқ дар навоҳии марказ (тақрибан 31 дар сад) ва дар вилояти Суғд (18,7 дар сад) будааст. Дар ҳамин ҳол дар Бадахшон дар нӯҳ моҳи соли гузашта ҳамагӣ 64 талоқ сабт шуд, ки пойинтарин дар кишвар аст. Сабабҳои аслии талоқ, ба гуфтаи Муҳаррама Раҳимова, хушунати хонаводагӣ, ба муҳоҷират рафтану хонаводаи дигар ташкил кардани шавҳар, издивоҷи барвақт ва издивоҷи маҷбурӣ боқӣ мемонанд. Аммо солҳои ахир талоқ бар асари навмедӣ аз барбод рафтани рӯъёҳо низ фаровон сурат мегирад.
Марям Давлатова, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бештари духтарон баъд аз тамошои сериёлҳои хориҷӣ пойбанди орзуи зиндагии афсонавӣ мешаванд ва “вақте ба хонаи шавҳар мераванд, ҳамин гуна зиндагиро умедвор мешаванд, яъне мехоҳанд, ки қасри зебо бошад, либосҳои зебо бошад, мошинҳои қатор бошад”. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, хатари бештар дар сериёлҳои амрикову ғарбӣ ниҳон аст, зеро “ҳоло духтарону наврасони тоҷик ҳамон озодиву зиндагиеро талаб мекунанд, ки амрикоиҳо ва ғарбиҳо доранд. Ва вақте, ки волидайн ба ин мухолифат мекунанд, хонавода гирифтори бӯҳрони шадиди равонӣ мешавад”.
Ҳамарӯза фақат аз тариқи телевизионии форзизабони GEM TV (қароргоҳаш дар Дубай) чанд сериёли туркӣ, аз ҷумла, “Фотимагул”, “Рӯзе рӯзгоре”, “Барги резон”, Ҳарими Султон” намоиш дода мешавад. Сериёлҳои зиёдиву туркиву эрониву ҳиндиву русӣ дар дуконҳои дискфурӯшии Тоҷикистон ҳам дастрасанд. Мунира Иноятова, ҷомеашинос ва собиқ вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки духтарони тоҷик аз ҳар сериёл барои худ як “мӯд” пайдо мекунанд – агар сериёли “Клон” онҳоро барои ба бар кардани пироҳанҳои арабҳои Бразилия таҳрик дода бошад, сериёлҳои эронӣ онҳоро ба пӯшидани сатру ҳиҷоб ва ҳам тақлид ба тарзи либоспӯшии духтарҳои “пешқадам”-и теҳронӣ водор кардааст.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ин сериёлҳо ба духтарон талқин мекунанд, ки фақат “маликаи хона” бошад, кор кардану пул дарёфтан бошад – масъулияти шавҳар аст. Мунира Иноятова бо таассуф мегӯяд, ки бештари волидайн ҳам духтарони худро “малика”-и хонаводаи сарватманд мебинанд. "Чанде пеш Кумитаи кор бо занон ва оила дар як пажуҳиш аз волидайн пурсид, ки дар мавриди ояндаи фарзандонашон чӣ нақша доранд. Аксари онҳо дар бораи писарҳо гуфтанд, ки мехоҳанд онҳо дар хориҷа таҳсил кунанд ва соҳиби ихтисоси хуб шаванд. Дар робита ба сарнавишти духтарҳо бошад, 80 дар сади волидайн изҳор намуданд, ки мехоҳанд онҳо арӯси ягон хонаводаи сарватманд бошанд", мегӯяд мусоҳиби мо.
Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи Мунира Иноятова, сериёлҳо таъсири мусбат ҳам доранд, зеро дар онҳо “тарзи рафтору кирдори инсонӣ, муносибати байни зану шавҳарро ҳам намоиш медиҳанд”.
Марям Давлатова бо таассуф мегӯяд, ҳоло муносибати духтарон ба ҳаёти оилавӣ тағйир карда, онҳо бештар пулу молпараст ва дар баробари хусуру хушдоман густох шудаанд, падидае, ки бигирем, бист сол пеш аҳён-аҳён ба назар мерасид. Арӯсҳои деҳотӣ ҳоло ҳарчӣ бештар аз домод талаб мекунанд, ки онҳоро барои зиндагии доимӣ ба шаҳр баранд ва пойфишории онҳо боиси хушунати хонаводагӣ ё бад шудани муносибати волидайн бо писар мешавад.
Мунира Иноятова бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва мегӯяд, пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки дар деҳот муносибати миёни келину хушдоман назар ба солҳои пештар бадтар шудааст, дар шаҳр бошад, арӯсҳо бо волидайни шавҳар дағалона бархӯрд мекунанд. Албатта, инро фақат таъсири сериёлҳои хориҷӣ донистан нашояд.
Ба гуфтаи Марям Давлатова, “мо ҳанӯз ба он ҳадде нарасидаем, ки як стратегияи ахлоқӣ-миллӣ ё “стратегияи оилаи миллӣ” дошта бошем. Ҳоло оилаи тоҷик дар бӯҳрони амиқ қарор дорад, зеро арзишҳои кӯҳнаро бой дода, вале арзишҳои навро азхуд накардааст. Насли оянда метавонад дар баробари талошҳои роҳ ёфтани арзишҳои миллату адёни дигар осебпазир бимонад. Зимнан, аз байн рафтани арзишҳои хонаводагӣ боиси нобудии арзишҳову фарҳанги миллӣ мешаванд”.
Мусоҳиби мо меафзояд, ки ба хотири пойдор нигаҳ доштани арзишҳои миллии оилаи тоҷик бояд барномаи вижаи ҳукуматӣ таҳия шавад. Ва шояд як бахши он барнома – таҳияи сериёлҳои сирф миллӣ ва “сирф оилавӣ” бошад, то ки мардум ба анъанаҳои бостонии худро дар ё дошта бошанд. Мунира Иноятова мегӯяд, “гоҳ-гоҳ филмҳои хубе дар бораи арзишҳои миллӣ таҳия мешаванд ва намунаи беҳтарини онҳо филми коргардон Носир Саидов “Муаллим” аст. Аммо мутаассифона сериёлҳои таъсирбахш, ки ҷавононро ҷалб ва тарбия кунад,таҳия намешаванд”.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ва муаллифи филмномаи “Муаллим” ҳам мегӯяд, ки ин гуна сериёлҳо заруранд, вале барои ин маблағи бузург зарур аст. Аз ин пеш шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон талоши таҳияи сериёлҳои тоҷикро карданд, аммо онҳо зиёд муваффақ набуданд.
Барои таҳияи сериёлҳо, ба гуфтаи Сафар Ҳақдодов, бояд аз ҳисоби мутахассисони ҳирфаӣ гурӯҳи вижа таъсис шавад, аъзои гурӯҳ бо таҷҳизоти муосири наворбардорӣ таъмин гардад, барои онҳо павилёни махсус ҷудо карда шавад, яъне, бояд як “фабрикаи сериёлсозӣ” ба вуҷуд ояд.
Албатта, ба гуфтаи Сафари Ҳақдод, ин гурӯҳ яку якбора муваффақ нахоҳад буд, аммо бо гузашти айём сабки худро ҳатман пайдо хоҳад кард. “Агар мо аз равандҳои муосири сериёлсозӣ қафо монем ва онро дар дохили кишвари худамон ташкил накунем, истеъмолкунандаи сериёлҳои туркӣ ё чиноӣ боқӣ хоҳем монд”.
Таҳиягари тоҷик меафзояд, баъдан барои он бояд талош кард, ки сериёлҳои тоҷикӣ ба саҳнаи ҷаҳонӣ бароянд - он вақт шояд туркҳову бразилиягиҳо на фақат ғамшарики қаҳрамонҳо шаванд, балки аз фарҳангу расму русуми мо ба ваҷд омада, орзуи дидани кишвари афсонавиеро кунанд, ки сериёл рӯи навор омадааст...