Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бузкашӣ"-и Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар таъсиси ҳукумат


Вакилони парлумони Афғонистон барои он пойфишорӣ доранд, ки раисиҷумҳур ва раиси иҷроия дар зудтарин фурсат дар мавриди таъсиси ҳукумати нав ба созиш бирасанд

Волусӣ Ҷирга ё парлумони Афғонистон рӯзи 27 декабр баъд аз баҳбу баррасиҳои тулонӣ тасмим гирифт, ки ҳайате аз вакилон бо раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди таъхир дар ташкили ҳукумати нав вориди гуфтугӯ шаванд.

Аз ин пештар парлумон ба сарвари давлат ва раиси иҷроияи як ҳафта вақт дода буд, то номзадҳо ба кобинаи навро муаррифӣ кунанд. Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Волусӣ Ҷирга, дар поёни ҷаласаи рӯзи шанбе гуфт, “ҳайати идорӣ ҳамроҳ бо руасои 18 комиссиюн раисиҷумҳурро бубинанд, паёмашро ба Маҷлис биёранд ва мову шумо дар партави ҳамон паём тасмим бигирем”.

Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар авохири моҳи сентябр корашро оғоз кард ва Ашраф Ғанӣ ваъда дода буд, ки пас аз арзёбии вазоратҳо ва идораҳо дар чиҳилупанҷ рӯз кобинаи навро эълон хоҳад кард. Раисиҷумҳур пеш аз конфаронси Лондон дар аввалҳои ин моҳ бори дигар эълом дошт, ки аз ду то чаҳор ҳафтаи оянда номзадҳо ба ҳукумати навро барои баррасӣ ба парлумон пешбарӣ мекунад, аммо то ҳанӯз ҳайати кобинаи нави вазирон номаълум боқӣ мемонад. Бархе аз вакилони парлумон инро бо фишори дохиливу хориҷӣ ба ҳукумати ваҳдати миллӣ марбут мекунанд. Иддае аз аъзои Волусӣ Ҷирга мегӯянд, сабаби то ҳол муаррифӣ нашудани ҳукумати нав – мухолифат миёни раисиҷумҳур ва раиси иҷроия дар мавриди пешбарии номзадҳо ба мақомҳои калидист.

Аҳмад Саидӣ, сиёсатшиноси афғони муқими Кобул ҳам бо ин ақида мувофиқ аст ва мегӯяд, як сабаби аслии дигар ин аст, ки “Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ дар маъракаи интихоботӣ ба бисёр касҳо ваъдаи мақом доданд. Як теъдод ба ин ду нафар кӯмаки моддиву маънавӣ карданд. Акнун раисиҷумҳур ва раиси иҷроия он имконро надоранд, ки ба ваъдаи худ ҷомаи амал пӯшонанд ва аз ин рӯ таҳти фишор қарор дорад. Аз сӯи дигар, онҳо ваъда дода буданд, ки аз ҳукумати пешин касеро ба кобинаи нав шомил нахоҳанд кард ва одамони наву содиқро интихоб мекунанд ва аммо ба назар мерасад, ки дар ин бахш ҳам ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд”.

Салоҳиддин Раббонӣ
Салоҳиддин Раббонӣ

Ба гуфтаи Аҳмад Саидӣ, ҳам раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва ҳам доктор Абдуллоҳ ба мақомҳои калидӣ, аз ҷумла, вазири умури хориҷӣ, вазири дифоъ, вазири молия афроди наздик ба худро пешбарӣ кардаанд, аз ҷумла, раиси иҷроия барои он пойфишорӣ дорад, ки курсии вазири умури хориҷиро Салоҳиддин Раббонӣ ишғол кунад. Аммо ҳарду ба бархе аз номзадҳои ҳамдигар ба назари шубҳа менигаранд.

Маҳз ба ҳамин хотир вакили парлумони Афғонистон Шерволӣ Вардак таъсиси ҳукумати навро “бузкашӣ” унвон карда ва гуфт, рақобат миёни раисиҷумҳур ва раиси иҷроия ба дараҷаест, ки эълони ҳукумати нав шояд ҳадди аққал боз ду моҳи дигар идома кунад.

Сиёсатмадорону сиёсатшиносони маҳалливу байнулмилалӣ таъхир дар таъсиси ҳукумати нави Афғонистонро сабаби аслии афзоиши ноамнӣ ва мушкилоти иқтисодии кишвар мехонанд.

XS
SM
MD
LG