Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кувайт ба Тоҷикистон тавассути Покистон сӯзишворӣ ворид мекунад


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Исломобод барои интиқоли 100 ҳазор тонна сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи Турхам ризоят додааст.

Қарор аст, ки дар марҳалаи аввал аз тариқи Покистон ба Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории Кувайт ворид карда шавад. Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе, 23 декабр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мувофиқати пешакӣ дар мавриди интиқоли сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тавассути бандари Карочии Покистон ҳангоми сафари вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ба ин ду кишвар ҳосил шуда буд. Қарор аст, ки маводи сӯхт тавассути баҳр ба бандари Карочии Покистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол ёбад.

Абдулфайз Атоев
Абдулфайз Атоев

Абдулфайз Атоев афзуд, ки айни ҳол як ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Оҷонсии захираҳои моддии кишвар Нурмуҳаммад Ахмедов ба хотири баррасии ин мавзӯъ дар Покистон қарор дорад. Рӯзи душанбе ӯ мавзӯи интиқоли сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тавассути Покистонро бо вазири обу энержии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф матраҳ кард. Рӯзи сешанбе бошад, ин мавзӯъ дар музокирот бо масъулини вазорати тиҷорати ва нафти Покистон баррасӣ гардид. Дар мулоқотҳо сафири Тоҷикистон дар Исломобод Шералӣ Ҷонон ва сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдов ҳам ширкат доранд.

Ба иттилои расмӣ, қарор аст, ки дар марҳилаҳои ҳамасола аз ин роҳ аз 1 то 2 миллион тонна маводи сӯзишвории Кувайт ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Расонаҳои чопи Исломобод рӯзи сешанбе навиштанд, ки ҳайати тоҷикистонӣ дар ин мулоқот бунёди полоишгоҳ дар наздикии бандари Карочӣ, ҷое ки сӯзишвории содиротӣ аз Кувайт тариқи баҳр ба Покистон мерасад, тақозо кардаанд. Ба иттилои онҳо, раиси Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири обу энержии Покистон гуфтааст, ки кишвараш бештар ба дизел ва бензин ниёз дорад. Расонаҳо ҳамчунин навиштаанд, Нурмуҳаммад Ахмедов гуфтааст, ки Тоҷикистон мехоҳад, аз Покистон орду гардум ҳам бихарад. Ҷонибҳо дар мавриди бунёди роҳи оҳан аз гузаргоҳи Турхам ба Тоҷикистон ҳам гуфтугӯ кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ворид кардани сӯзишворӣ аз давлатҳои ҳавзаи Халиҷи Форс то Покистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон, бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, метавонад барои Тоҷикистон арзон тамом шавад.

XS
SM
MD
LG