Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақсуд Иброҳимов пас аз беҳушии серӯза ба худ омадааст


Мақсуд Иброҳимов.
Мақсуд Иброҳимов.

Бино ба сабте, ки «Гуруҳи 24» дар шабакаҳои интернетӣ пахш кардааст, Мақсуд Иброҳимов, яке аз сарварони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон пас аз беҳушии серӯза ба худ омадааст.

Дар навори аудиоие, ки тақрибан 40 сония идома мекунад ва аз тариқи шабакаи “Зелло” пахш шудааст, Мақсуд Иброҳимов мегӯяд, ки чор соат пеш ба худ омада, ҳолаш беҳтар мешавад. Вай дар тафсили вазъаш танҳо гуфтааст, ки аз тарафи дил се корд хӯрдааст ва бино ба пешбинии табибон, то як ҳафтаи дигар комилан сиҳат хоҳад ёфт.

Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” ва узви раёсати эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” шаби 26 ба 27 ноябр дар шаҳри Маскав ҳадафи сӯъиқасд қарор гирифт. Ба қавли наздиконаш, ин ҳамла дар назди манзили иқомати ӯ сурат гирифта, ӯро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол додаанд.

Расонаҳои Русия ба нақли қавл аз мақомоти кишварашон хабар дода буданд, ки ӯ бо иттиҳоми ифротгароӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад ва ба ин далел пулиси Русия гуфтааст, ки баробари хуруҷи ӯ аз беморхона, боздошт хоҳад шуд.

Хабаргузории “Балтинфо” бо такя ба манобеаш дар мақомоти интизомии Русия хабар дод, ки ҳамла ба Мақсуд Иброҳимов соати қариб 11-и шаб дар кӯчаи Боку сурат гирифтааст.

Эътилофи “Тоҷикистони нав”, ки ба ҷуз аз созмони Мақсуд Иброҳимов, боз “Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов ва чанд созмони дигари мухолифини бурунмарзиро муттаҳид мекунад, рӯзи 27 ноябр бо пахши як изҳорот ҳамла ба ин узви аршадашро шадидан маҳкум карда буд.

Дар ин изҳорот масъулияти сӯъиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов ба дӯши мақомоти вижаи Тоҷикистон бор карда мешавад. Дар изҳорот омадааст, ки Иброҳимов баъди ташкили як силсила тазоҳуроти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати сиёҳ афтодааст ва чандин бор ӯву аъзои хонаводааш мавриди таҳдиду тарсдиҳии мақомоти тоҷик қарор гирифтаанд.

Эътилофи “Тоҷикистони нав” аз мақомоти Русия талаб кардааст, ки ба мавридҳои рабудану куштори мухолифини тоҷик дар қаламраваш нуқта гузошта, ташкилкунандагону омилони чунин амалҳоро ошкор ва муҷозот кунад.

Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” як мӯҳраи калидӣ дар сохтори эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” ба шумор меравад. Масъулони он мегӯянд, аксари гирдиҳамоиҳо дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамин созмон ташкил дода буд. Баъди митинги баргузорношудаи рӯзи 10 октябр ин созмон аз бедарак шудани дастикам 3 узваш хабар дод. Баъдан мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки чанде аз тарафдорони Умаралӣ Қувватовро ба далели насби шиорҳои зидди ҳукумат дастгир кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба иддаои эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав”, ки онҳоро ба даст доштан дар сӯъиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов гунаҳкор мекунад, вокунише нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG