Толибшоҳи Давлат, муҳаррири шӯъбаи иттилоот ва сиёсати рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ибтидои соли ҷорӣ дар озмуни минтақавии «Новеллазия», ки аз ҷониби Бунёди «НюЕвразия» бар гузор мешавад, ғолиб дониста шуда, сазовори мукофоти пулӣ гардида буд.
Ашрафи Афзал, як масъули нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” рӯзи сешанбеи 18 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "Толибшоҳи Давлат бо повести “Турнаҳо дар баҳорон”дар рақобат бо 450 довталаб дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» ё “Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ-2014” ширкат варзида ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ин рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик дар қатори нӯҳ адиби дигар аз Олмон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон довталаби даври ниҳоӣ буд.”
Ба гуфтаи ин масъулон ин озмуни адабӣ ба ибтикори ширкати англисии «Silk Road Media», дафтари «Hertfordshire Press» ва дастгирии Маркази фарҳангии туркии «Yunus Emre», маҷаллаи «Open Central Asia» сурат гирифт. Повести «Турнаҳо дар баҳорон»-и Толибшоҳи Давлат дар бораи ҳаёти муҳоҷирони тоҷик қисса карда, ибтидои соли ҷорӣ дар озмуни минтақавии «Новеллазия», ки аз ҷониби Бунёди «НюЕвразия» баргузор мешавад, пирӯз дониста шуда, сазовори мукофоти пулӣ гардида буд.
Ба повести «Турнаҳо дар баҳорон» Нуруллоҳи Ориф, муҳаррири шӯъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо шеър пешгуфтор навиштааст, ки аз ҷониби доварони падидаи адабӣ арзёбӣ гардидааст. Толибшоҳи Давлат, ягона рӯзноманигор ва адиби тоҷик аст, ки дар озмуни «OCABF-2014» ширкат ва сазовори ҷои аввал гардид. Озмуни «OCABF-2014» 17 ҳазор доллари ИМА ҷоизаи пулӣ дорад, ки миёни 12 ғолиби бахшҳои мухталиф тақсим мегардад.
Толибшоҳи Давлат 15-уми май соли 1955 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шуда, соли 1982 факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. То кунун чанд китоб - «Лолаҳои бетурна», «Ханҷари Чингизхон», «Ҷароҳатҳои пурхун», «Сокинони кишвари сангин» ва «Гуларӯсакон барои сарватмандон» - навиштааст, вале маъруфият дари ин адиб ва рӯзноманигори тоҷикро баъди пирӯзиаш дар “Новеллазия” кӯфт ва ҳамакнун ба озмуни байналмилалии «OCABF-2014» ё “Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ – 2014” низ баранда гардид.
Қарор аст, китоби “Турнаҳо дар баҳорон” –и рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, муҳарири шӯъбаи иттилоот ва сиёсати рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» соли оянда дар Лондон нашр шавад.