Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони СҲИР барои баҳси коррупсия ба Душанбе омаданд


Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои баррасии ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон оид ба ришваву фасод ба Душанбе омаданд ва дар як ҳамоиш бо намояндагони вазоратхонаҳову кумитаҳои давалатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва рӯзноманигорон натиҷаи ҳисоботро баррасӣ намуда тавсияҳои ҷадид пешниҳод хоҳанд кард. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 3 ноябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи 7 нафараи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд шаби гузашта ба Тоҷикистон омаданд ва натиҷаи “ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон оид ба мубориза бо фасод”-ро ки дар миёнаҳои моҳи гузашта аз тарафи як гурӯҳии намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Порис муарифӣ шуда буд, баррасӣ хоҳанд кард.


Зимнан, ин даври сеюми омӯзиши вазъи мубориза бо ришва ва фасод дар Тоҷикистон буд. Коршиносони СҲИР ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон машварат додаанд, ки шароити муносибе барои гузаронидани пурсишҳо ва тафтишҳои мунтазам ҷиҳати мушаххас кардани фасоду ришва дар шохаҳои ҳукумат, шароит фароҳам оварда шавад ва чунин таҳқиқ ақаллан як бор дар се сол анҷом дода шуда, натиҷаи он дар барномаҳои зидди коррупсияи Тоҷикистон истифода гарданд. Тавсияҳои байнулмилалӣ пас аз пайвастани Тоҷикистон ба СҲИР дар соли 2004 ба Тоҷикистон пешниҳод шуда, даври аввали мониторинги он дар соли 2006 ва даври дуввум дар соли 2010 сурат гирифта буд. Пас аз даври сеюм Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои узви СҲИР ҷой дода хоҳад шуд. Ҳамасола дар баҳогузориҳои созмони байнулмилалии Transparency International Тоҷикистон дар қатори кишварҳое зикр мешавад, ки барои густариши фасоду ришва шароити мусоид доранд. Соли гузашта ин ниҳод дар раддабандии фасодзадагӣ ба Тоҷикистон дар миёни 177 кишвар ҷои 154-уми раво дида буд.

XS
SM
MD
LG