Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Саройкамар” ва “Хайр” бар “Регар”


Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат дар бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2014 бар рақибонашон пирӯз шуданд.

Рӯзи якшанбеи 26-уми октябр бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2014 оид ба футбол баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби бузурги 5-0 шикаст дод.

Дар ин бозӣ Мануэл Бледа Родригес, легионери “Истиқлол” аз Испания, се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигарро ҳамлагар Дилшод Восиев, беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон, ба самар расонд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Голи ягонаро Баҳодур Шарифов дар дақиқаи 49-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон низ муддаии аслист. “Истиқлол” барои ба финал баромадан заминаи устувор гузошт. Рақибаш дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хайр” муайян хоҳад шуд. Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозиҳои аввал

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «САРОЙКАМАР» (Панҷ) - 5:0

Голҳо: Мануэл Бледа Родригес, 9 (1:0). Дилшод Восиев, 30 (2:0). Мануэл Бледа Родригес, 53 – аз пеналтӣ (3:0). Дилшод Восиев, 71 (4:0). Мануэл Бледа Родригес, 80 (5:0).

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - 1:0

Гол: Баҳодур Шарифов, 49 – аз пеналтӣ.

XS
SM
MD
LG