Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Шантаж"-и Русия беҳуда аст


Владимир Путин ҳини мулоқот бо раиси ҷумҳури Сербистон Томислав Николис дар Белград, рӯзи 16 октябри соли 2014.
Владимир Путин ҳини мулоқот бо раиси ҷумҳури Сербистон Томислав Николис дар Белград, рӯзи 16 октябри соли 2014.

Владимир Путин, ки бинобар сиёсаташ дар қиболи Украина дар маркази интиқодҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст, дар остонаи сафараш ба Белград аз дӯстии Сербистон бо Маскав ситоиш кард ва ба кишварҳои ғарбӣ як неш зад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи 16 октябр ҳушдор дод, ки Аврупо дар ин зимистон дар мавриди таъмини газе, ки аз Русия меояд, ба "рискҳои бузурги транзитӣ" рӯбарӯ хоҳад шуд.

Путин, ки зимни боздидаш аз Сербистон сӯҳбат мекард, ба хабарнигорон гуфт, агар Украина бидуни иҷозат ба гирифтани газ аз лӯлаҳои содиротии Русия шурӯъ кунад, Маскав "дар посух ҳаҷми гази дуздишударо аз ҷамъи гази содиротиаш кам хоҳад кард." Путин афзуд, умедвор аст, ки ин кор рух надиҳад.

Раисиҷумҳури Русия дар арафаи сафараш ба Белград рӯзи 15 октябр дар сӯҳбат бо нашрияи “Политика”-и Сербистон дар инзивоъ қарор додани Русияро ҳадафи пучу гумроҳкунанда унвон кард ва гуфт, ин талошҳо ба иқтисоди Иттиҳоди Аврупо зарбаи шадид мезананд. Путин аз тавони ҳастаии Русия махсусан ёдовар шуд ва гуфт, “умедворам ҳамкорон беҳуда будани талошҳо барои “шантаж”- и як кишвари дорои силоҳи ҳаставиро дарк мекунанд ва мефаҳманд, ки душманигарӣ дар байни абарқудратҳои ҳаставӣ барои суботи стратегӣ чӣ паёмаде хоҳад дошт.”

Паради низомӣ ба муносибати сафари Путин ба Белград
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Владимир Путин дар Белград дар солгарди озодшавии Белград аз фашизм ва нахустин паради низомӣ дар сӣ соли ахир иштирок мекунад. Ба хотири таҷлили ин сана бо Путин мақомоти Сербистон баргузории онро ба чаҳор руз пеш оварданд. “70 соли пеш мардумони мо дастибадаст иделогияи ҷинояткоронаи инсонбадбиниро, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ таҳдид мекард, шикаст доданд”- гуфт раиси ҷумҳури Русия ва афзуд –“ муҳим аст имрӯз инсонҳо дар кишварҳои гуногун, дар қораҳои гуногун дарк кунанд, “истисногароии фардӣ” чӣ паёмаде ваҳшатноке хоҳад дошт.” Путин аз Иёлоти Муттаҳида ном набурд, аммо ишорааш ба суханронии президенти ин кишвар Барак Обама дар моҳи май буд, ки гуфтааст, ба фикри ӯ аз “истисногароии Амрико мӯй дар тани Русия сих мезанад.”

Шубҳае нест, ки Путинро дар Белград мавҷи таваҷҷӯҳи мусбат ба оғӯш мегирад. Комилан баръакси чизе, ки ӯро дар нишасти Милан интизор аст. Саммити АвроОсиё рӯзҳои 16-17-уми октябр дар пасманзари хашми раҳбарони кишварҳои Ғарбӣ аз нақши Русия дар бӯҳрони Украина баргузор мешавад.

Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия дар марҳилаҳои дуру начандон дур ба Югославия кӯмак кардаанд. Партизанҳои Югославия бо кӯмаки артиши Иттиҳоди Шӯравӣ Белградро озод карданд. Дар соли 1999 Русия бо танқидҳои хашмолуд алайҳи бомбаборони НАТО, ба Белград кӯмаки маънавӣ расонид ва аз мавқеъи он барои роҳ надодан ба мустақилияти албаниҳои Косово пуштибонӣ кард. Ин ду кишвари славянӣ ҳамчунин пайвандҳои мазҳабӣ низ ва ҳарду пайрави калисои Ортодокс ҳастанд. “Мо решаҳои мушатарак, забон, бовар ва суннату фарҳанги муштарак дорем ва мо дар ҳама ҷангҳо дар як тарафи ҷабҳа будем”- гуфт Томислав Николис, президенти Сербистон дар остонаи сафари Путин.

Хоҳишҳои Белград барои ҳамоиш ба Иттиҳоди Аврпуо равобити байни Сербистону Русияро заиф накард. Баръакс ин ду баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои Иттиҳоди Аврпо бар зидди Русия дар посух ба ишғоли Қрим, робитаҳоро таҳким бахшиданд. Путин дар ҷараёни сафараш бо президенти Сербистон Томислав Николис мулоқот анҷом медиҳад ва тарҳи лӯлаи гази “Мавҷи Ҷануб”-матраҳ мекунад.

Комиссияи Аврупо авоили моҳ гузориши худро дар бораи номзадҳои эҳтимолӣ ба Иттиҳод пахш кард ва Белградро дар заминаи бунёди ҳиссаи лӯлаи гази “Мавҷи Ҷануб” дар қаламраваш ва ҳамчунин сарпечиаш аз риояи таҳримҳо алайҳи Русия, ҳушдор дод.

XS
SM
MD
LG