Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон (КДАМ) матлаби “Афсарони говдузд бо ҷарима "халос" шудаанд”- ро, ки дар торнамои Радиои Озодӣ рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ нашр шуда буд, ба баррасӣ гирифтааст.
Масъулони ин кумита рӯзи ҷумъаи 3 октябр бо муроҷиат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маълум шуд, Раҷабалӣ Маҳмудов, афсаре, ки дар ин мақола аз қавли манбаъҳои Радиои Озодӣ ҳамчун корманди КДАМ зикр шудааст, ҳеч рабте ба ин ниҳоди қудратӣ надошта, балки дар асл корманди Гвардияи миллӣ будааст.
Ин аст, ки ба гуфтаи масъулони КДАМ нашри чунин матлаб ба эътибори ин ниҳоди амниятӣ латма ворид кардааст. Радиои Озодӣ қабул дорад, ки вазифаи Раҷабалӣ Маҳмудов дар нашрҳои аввали гузориши мазкур на бо қасде, балки бо такия ба иттилое, ки сарчашмаҳои хабарӣ додаанд, иштибоҳан корманди КДАМ зикр ёфта, аммо пас аз дастрас шудани иттилоъ аз мақомоти давлатӣ ин иштибоҳ ислоҳ шудааст.
Радиои Озодӣ низ шарҳи расмии Додгоҳи низомии вилояти Хатлонро нашр кард, ки дар он Раҷабалӣ Маҳмудов, корманди Гвардияи миллӣ ном бурда мешуд. Радиои Озодӣ, ки ҳадафаш пешкаши иттилои дуруст ва саҳеҳ ба сокинон аст, минбаъд талош хоҳад кард, то матлабҳо санҷида ва бо такя ба манобеи мӯътамад интишор шаванд. Он ҳамчунин умедвор аст, ки мақомоти гуногун дар санҷиш ва тасдиқ ё радди маълумоти расида бо Радиои Озодӣ ҳамкории худро дареғ нахоҳанд дошт.