Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигина Амонқулова: "Нигарон набошед, ман хуб ҳастам"


Нигина Амонқулова, овозхони ҷавони тоҷик
Нигина Амонқулова, овозхони ҷавони тоҷик

Нигина Амонқулова дар тамос бо хабарнигори "Озодӣ" гуфт, сиҳҳату саломат буда, пайи эҷоди таронаҳои нав аст ва хабари пошидани "кислота" ба рӯяш асос надорад.

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик, сарусадои ахир дар бораи пошидани “кислота” ба рӯяш аз сӯи афроди ношиносро рад кард. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодӣ” гуфт, ин овоза баъд аз анҷоми консерти бахшида ба ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе паҳн шуда, аслан асос надорад.

Субҳи 16 сентябри соли ҷорӣ баъзе аз расонаҳои Тоҷикистон хабари пошидани “кислота” ба рӯи Нигинаро нашр карданд. Дар пайи он чанде аз хонандагони торнамои “Озодӣ” ҳам бо мо дар тамос шуда, ҳақиқати ҳолро хостанд.

Худи овозхон ба занги телефони мо ҷавоб дод ва дар ин робита гуфт, “ман ҳам шунидам, ки мегӯянд, баъд аз анҷоми консерт гӯиё ба бинои Кумитаи телевизион ва радио барои иваз кардани сару либосамон рафтему ҳамон ҷо кислота пошидаанд. Бовар кунед, ҳақиқат надорад. Мо ҳатто баъд аз анҷоми консерт ба кумита ҳам нарафта будем. Ба ин овоза бовар накунед”.

Ин овозхони тоҷик дар идома афзуд, ҳоло дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон сари кор аст ва пайи эҷоди таронаҳои тоза мебошад, ки баъдан барои мухлисонаш муаррифӣ хоҳад кард. Вале ӯ гуфт, аз паҳн шудани чунин овоза нигарон нест, ҳарчанд наздикону мухлисонашро сахт ошуфтаву парешон кардааст. “Хушбахтии овозхон ин аст, ки дар борааш мегӯянд, суҳбат мекунанд. Аз ин нигоҳ, хушҳолам, ки зиндагӣ ва рафтору корам барои мухлисон муҳим асту онро пайгирӣ мекунанд ва ё ҳар гуна овоза мебофанд. Ин хуб аст, аммо баъзан наздикону дӯстон парешон мешаванд ва занг мезананд, ки бо ман чӣ иттифоқ уфтодааст”,-гуфт ӯ.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери Нигина Амонқулова, низ дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, то кунун даҳҳо журналист барои пурсидани ҳақиқати ҳол ба ӯ занг задаанд. Вай гуфтааст, чунин овоза ҳақиқат надорад ва ин овозаи навбатӣ дар ҳаққи Нигина мебошад.

Нигина Амонқулова, яке аз маъруфтарин овозхонҳои насли нави Тоҷикистон, 28 сол дошта, зодаи шаҳри Панҷакент аст. Ӯ ба саҳнаи касбӣ баъд аз пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” роҳ ёфт ва бо иҷрои таронаҳои ретро маъруфият ба даст овард.

XS
SM
MD
LG