Имрӯз 15-уми сентябр дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса як нишасти байналмилалӣ дар бораи шеваҳои мубориза алайҳи ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ баргузор мешавад. Дар ин нишаст, намояндагони баландпояи 26 кишвар, аз ҷумла Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, ширкат мекунад. Ӯ қабл аз омадан ба Фаронса ба Ховари Миёна рафт, то кишварҳои минтақаро ба ҷанги ба раҳбарии Амрико алайҳи созмони Давлати Исломӣ ҷалб кунад. Ҷон Керрӣ рӯзи 14-уми сентябр дар мусоҳиба бо як телевизиони Иёлоти Муттаҳида гуфт, 40 кишвар ризоият додаанд, ки дар мубориза бар зидди ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ саҳм гузоранд ва монеъи пешравии онҳо дар Сурияву Ироқ шаванд. Пештар аз ин як мақоми расмии ҳукумати Амрико гуфт, чанд кишвари арабӣ изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба ҳадафҳои ҷангҷӯён аз ҳаво зарба зананд. То кунун Фаронса ошкоро гуфтааст, ки омода аст, ба амалиёти Амрико ҳамроҳ шавад ва бо ҳавопаймоҳо ба ҳадафҳои Давлати Исломӣ, вале танҳо дар Ироқ зарба занад.