Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии додситонӣ аз ҳалномаи додгоҳ дар бораи "Қорӣ"


Садриддин Тошев дар сӯҳбатҳои охираш бо хабарнигорон навори шиканҷаи зиндониёнро саҳнасозӣ дониста буд
Садриддин Тошев дар сӯҳбатҳои охираш бо хабарнигорон навори шиканҷаи зиндониёнро саҳнасозӣ дониста буд

Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки парвандаи Садриддин Тошев, мулаққаб ба "Қорӣ"-ро барои баррасии дубора ба додгоҳи Хуҷанд фиристода буд, ин парвандаро бозпас гирифтааст.

Дар пайи эътирози додситонии кулл мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон маҷбур шудаанд, парвандаи Садриддин Тошевро, ки барои баррасии дубора ба Хуҷанд фиристода буданд, бозпас бигиранд. Қаблан, ин ниҳод ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи Садриддин Тошевро барои баррасии дубора ба ҳамин додгоҳ фиристода буд.

Як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Додситонии кулл нисбат ба ҳалномаи онҳо оид ба лағви ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар мавриди парвандаи Садридин Тошев эътироз карда, талаб намудааст, онро бекор кунанд. Феълан эътирози додситонии кулл дар раёсати Додгоҳи олӣ мавриди омӯзиш қарор дошта, ба ин хотир аз Хуҷанд парвандаи Садриддин Тошев ҳам оварда шудааст.

Додгоҳи вилояти Суғд дар аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ маҳбусон – Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро ба ҷурми «паҳн кардани навори шиканҷаи зиндониён» ва «талош барои номураттаб кардани низоми маҳбас» мутаносибан ба 8 ва 9-солӣ аз озодӣ маҳрум карда буд. Оқои Тошев дар суҳбати ахираш бо хабарнигорон, ки дар боздоштгоҳе дар Душанбе сурат гирифт, он ҳама наворҳоро як саҳнасозӣ номид ва воқеияташро рад кард. Баъд аз ин сӯҳбати «Қорӣ» хонаводааш имкон ёфтанд, бо ӯ дидор намоянд.

Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев, мегӯяд, додгоҳи Хуҷанд бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ парвандаи зерҳимояашро барои баррасии дубора қабул карда буд. "Вале аз Додгоҳи олӣ хабар доданд, ки Додситонии кулл эътироз оварда, талаб кардааст, то ҳалномаро дар мавриди лағви ҳукми додгоҳи Хуҷанд алайҳи Садриддин Тошевро бекор кунанд,"- гуфт ӯ.

Як мақоми додситонии шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, эътирози додситонии кулл нисбат ба ҳукми Додгоҳи олӣ бар асоси шикояти онҳо сурат гирифтааст. «Зеро вақте ҳукми додгоҳи Хуҷанд бекор карда шавад, ин эътибори соҳаи додситониро кам мекунад,» - таъкид дошт мусоҳиби мо, ки нахост номаш ифшо шавад.

Қаблан Садриддин Тошев, фармондеҳи мухолифини пешин, бо ҷурми терроризм, бандитизм ва одамрабоӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Бино бар қонуни авф, мӯҳлати ҷазои ӯ коҳиш ёфта, қабл аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд танҳо 3,5 солаш боқӣ монда буд. Акнун бар иловаи ҳукми додгоҳи Хуҷанд, Тошев боз 9 солу 5 моҳи умри худро дар паси панҷара хоҳад гузаронд. Агар ҳалномаи Додгоҳи олӣ нисбат ба ӯ беэътибор дониста шуда, ҳукми зиндонаш бекор нагардад.

XS
SM
MD
LG