Иттиҳодияи Аврупо бо тақвияти таҳримҳо алайҳи Русия аз ҷумла Владимир Жириновский, вакили “оташнафаси” Думаи давлатиро аз ҳаққи сафар ба кишварҳои узв маҳрум кард. Дар сурати доштани моликият ва ё ҳисоби бонкӣ дар Аврупо ӯ аз дастрасӣ ба ин ҳисобҳо низ мувақаттан маҳрум мешавад. Дар маҷмӯъ таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ширкатҳои бузурги давлатӣ ба мисли “Роснефт”, “Транснефт” ва “Газпромнефт”-ро ва дигар арсаҳои иқтисоди Русияро ҳадаф гирифтаанд. Бар тибқи таҳримот ширкатҳои мазкур аз ҳаққи қарз гирифтан аз муассисаҳои молии Иттиҳодияи Аврупо маҳрум шуданд ва муомила бо ширкатҳои низомии Русия ҳам маҳдуд мешавад. Таҳримот рӯзи 12-уми сентябр дар нашрияи расмии Иттиҳодияи Аврупо нашр шуд ва ҳукми иҷро гирифт. Аз ин пеш Ҳерман Ван Ромпуи, раиси Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел гуфт, мумкин аст, таҳримотро бо назардошти амалкардҳои Русия коҳиш диҳанд ва ё беэътибор кунанд. Барои ин Иттиҳодияи Аврупо ҷараёни сулҳ дар шарқи Украинаро то охири моҳи сентябр назорат мекунад. Иттиҳодияи Аврупо барои амалкардҳои Русия дар Украина ин таҳримотро ҷорӣ кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина кӯмак мекунад, аммо Маскав ин иддаоро рад кардааст.