Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама давлати Ироқро табрик гуфт


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, давлати Ироқро бо тасвиб шудани ҳайати ҳукумати нав табрик гуфт ва хостори ҳамкории наздик барои мубориза бо ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ шуд. Кохи Сафед гуфт, баъди тасвиби ҳукумат дар порлумони Ироқ дар рӯзи 8-уми сентябр, Барак Обама ба Ҳайдар ал-Ободӣ сарвазири Ироқ занг зада ва аз талошҳои ӯ барои таъсиси ҳукумати наву фарогир ситоиш кардааст. Ба гуфтаи Кохи Сафед, раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин ба зарурати идомаи иқдомот алайҳи Давлати Исломии Ироқ ва Левант ва ҳамкориҳои наздик дар ин замина таъкид кардааст. Бар тибқи ин баёния Ал-Ободӣ гуфтааст, ки “ба аҳдаш барои кор бо тамоми ҷомеаҳои Ироқ ва шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати тақвияти қудрати кишвараш ҷиҳати мубориза алайҳи созмони Давлати Исломии Ироқ ва Шом содиқ аст.” Бар асоси ин баёния, раҳбарони Амрикову Ироқ ба мувофиқа расидаанд, ки ҳарчӣ зудтар ба орзуву ормон ва шикоятҳои машрӯъи мардуми Ироқ расидагӣ шавад.

XS
SM
MD
LG