Бо мадади Иёлоти Муттаҳида дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлони Тоҷикистон як мактаби нав бунёд ва муҷаҳҳаз шудааст. Дар ин мактаб ҳамзамон 700 хонанда метавонанд таҳсил кунанд. Дар расми ифтитоҳи он ноиби роҳбари ҳайати дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷесс ширкат дошт. Бинои нав аз ҳашт синфхонаи муҷаҳҳаз бо мизҳои мактабӣ ва тахтаи синф иборат аст. Мактаби навбунёд ва иншооти ба он ҳамшафат таҳсилро дар синфхонаҳои дорои таҷҳизоти муосир имконпазир гардонида, зарурияти истифодаи хаймаҳоро, ки қаблан кӯдакон дар онҳо таҳсил мекарданд, аз байн бурд. Аз соли 1992 инҷониб Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, барои ёрмандӣ ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.