Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дохилии Покистон хостори террорист хондани эътирозгарон шуд


Вазири умури дохилии Покистон аз вакилони парлумони кишвар хост, то ба полис дастури возеҳ диҳанд, ки ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ дар Исломободро чун “террорист” ва худи намоишро чун “ошӯб алайҳи давлат” арзёбӣ кунанд.

Дархости Чаудрӣ Нисор Алӣ Хон рӯзи 2 сентябр дар нишасти фавқулоддаи парлумон таҳти раёсати нахуствазир Навоз Шариф, баъд аз се рӯзи бархӯрдҳо миёни полис ва эътирозгарон дар пойтахт, ироа шуд. Эътирозгарон истеъфои Навоз Шарифро талаб доранд.

Баъди талоши эътирозгарон барои ишғоли қароргоҳи Навоз Шариф рӯзи 30 август миёни онҳо ва полис задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Дар се рӯзи бархӯрдҳо се нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Навоз Шариф талаби истеъфоро рад намуд ва аммо созмондиҳандагони эътирозҳо – рӯҳонии маъруф Тоҳир ал-Қадрӣ ва сиёсатмадор Имрон Хон аз қатъи эътирозҳо сарпечӣ мекунанд.

Намоишҳои зиддиҳукуматӣ рӯзи 15 июл аз раҳпаймоӣ дар шаҳри Лоҳур шурӯъ шуда, баъдан дар Исломобод идома карданд. Мухолифин нахуствазирро дар фасод, тақаллуби натоиҷи интихоботи парлумонии соли 2013 ва тиҷорати ғайриқонунӣ айбдор мехонанд.

XS
SM
MD
LG