Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, пешсафи мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, бо Мануэл Бледа Родригес, ҳамлагари 24-солаи испаниягӣ, шартнома ба имзо расонд. Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи «Истиқлол» шартнома бо легионери испаниягӣ то охири мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар баста шудааст.
Бояд тазаккур дод ин аввалин легионери испаниягист, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ хохад кард. Дастаи охирине, ки Родригес бозӣ мекард, «Белшина»-и Бобруйски Беларус буд. Вай дар мавсими имсола дар ҳайати «Белшина» 20 бозӣ карда, 7 гол задааст ва ба қатори беҳтарин нишонзанҳои чемпионати Беларус шомил буд.
Родригес аз синни чаҳорсолагӣ дар мактаби машҳури «Леванте» ба футбол шурӯъ кардааст. Вай аз аввали мавсими соли 2014 дар «Белшина» бозӣ мекард. Дар дастаи «Истиқлол» Родригес таҳти рақами 10 бозӣ мекунад ва ба даста аз нимаи моҳи сентябр ҳамроҳ мешавад.
Шарҳи ҳол
Мануэл Бледа Родригес 31-уми июли соли 1990 дар Валенсияи Испания таваллуд шудааст. Ҳамлагар мебошад.
Қадаш – 183 см, вазнаш - 74 кг.
Шогирди мактаби футболи «Леванте».
Дар дастаҳои «Кастелён» (Кастелён-де-ла-Плана) - 2009-2010, «Леванте» (Валенсия) - 2010-2012, «Бурриана» (Валенсия) - 2012, КФ «Алсира» (Валенсия) - 2013, КФ «Белшина» (Бобруйск, Беларус) – 2014 бозӣ кардааст.