Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: "Дар ҷанг бо ДОИШ бо ҳукумати Асад ҳамкорӣ намекунем"


Амрико ки худро барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба пойгоҳҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурия омода мекунад, рӯзи сешанбе эълом кард, ки дар ин бора бо ҳукумати Башор Асад ҳамкорӣ накарда ва мунтазири иҷозаи Димишқ намемонад.

Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико қаблан ҳушдор дода буд, ки решакан кардани ба гуфтаи ӯ "саратон"-и гурӯҳи Давлати исломӣ осон нахоҳад буд, вале ин гурӯҳ, ки Ҷеймс Фолӣ, рӯзноманигори амроикоиро ба қатл расонанд, таъқиб хоҳанд шуд ва Амрико ҷиноятҳои онҳоро фаромӯш намекунад."

Ҳукумати Обама ҳамакнун дастур додааст, ки парвозҳои ҷосусӣ бар осмони Сурия анҷом шавад то барои ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ба гурӯҳи Давлати исломӣ омодагӣ вуҷуд дошта бошад. Ин дар ҳоле аст, ки ҳукумати Башор Асад дар Сурия ба Вошингтон ҳушдор додааст, ки барои ҳар гуна амалиёти ҳавоӣ дар хоки ин кишвар ниёз ба мувофиқат ва иҷозати Димишқ аст.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест рӯзи сешанбе гуфт, Вошингтон режими Асадро, ки масъули ҷанги дохилии ин кишвар аст, ба расмият намешиносад ва пешниҳоди Димишқ барои талоши муштарак барои мубориза бо "терроризм"-ро радд мекунад. Вай изҳор дошт, "бо он ки таҳдиди терроризмро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳем, ҳеҷ барномае барои ҳамкорӣ бо режими Асад надорем."

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико низ гуфтааст, ки ҳанӯз ҳеҷ тасмиме барои анҷоми амалиёти низомӣ гирифта нашудааст, вале ҳар замон, ки манофеи Амрико тақозо кунад, мо аз режими Сурия иҷозат намепурсем."

Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки кишвараш моил аст бо ҷомеаи байналмилалӣ дар амри мубориза бо гурӯҳи Давлати исломӣ ҳамкорӣ кунад. Вале ба Вошингтон ҳушдор дод, ки агар аз Димишқ иҷозат нагирад, парвози ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар осмони Сурияро ба унвони нақзи ҳокимияти худ мешуморад.

Оқои Обама рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо аскарони собиқадори артиши Амрико хостори дуо барои Ҷеймз Фолӣ шуд, ки ҳафтаи гузашта тавассути гурӯҳи Давлати исломӣ ба қатл расид ва гуфт, адолат иҷро хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, "паёми мо ба касоне, ки ба мардуми мо осеб мерасонанд, оддӣ аст, Амрико фаромӯш нахоҳад кард. Мақсади мо тӯлонӣ аст. Мо сабур ҳастем. Адолат иҷро хоҳад шуд."

Вай таъкид кардааст, "мо борҳо собит кардаем ки ончи лозим аст, анҷом хоҳем дод, барои таъқиби касоне, ки ба амрикоиҳо садама мезананд, барои таъқиби онҳое ки ба амрикоиҳо осеб ворид мекунанд."

XS
SM
MD
LG