Масъулони ситоде, ки дар рустои Қалъача ташкил шудааст, гуфтаанд, ки дар пайи тирандозии шаби гузашта ду нафар кушта ва 5 нафари дигар захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудагон - Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ дар ин хати марз ва ҷияни Абдураҳмон Азимов, собиқ раиси марзбонии Тоҷикистон будааст.
Қурбонии дигари ин ҳодиса сокини ҷамоати Овчӣ Қалъача Нӯъмонҷон Набиеви 25-сола мебошад, ки субҳи имрӯз, 26 август ба хок супурда шуд. Дар ҷанозаи ӯ садҳо нафар аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат карданд. Нӯъмонҷон Набиев яке аз шаш нафаре буд, ки дар тирандозии марзбонони қирғиз дар наздикии пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғон захмӣ шуданд ва азбаски тирандозӣ идома дошт, сокинони деҳа натавонистанд, ин захмиро аз майдон бароранд ва ба бемористон расонанд.
Дар бемористони шаҳри Ғафуров чаҳор сокини деҳаи Қалъачаи ин ноҳия, ки рӯзи гузашта аз тири низомиёни қирғиз захм бардоштаанд, бистарӣ шудаанд. Яке аз табибони беморхона ба шарти ошкор накардани номаш гуфт, ки ҳоли яке аз захмиён хеле вазнин буда, дар шӯъбаи эҳё таҳти назорати доимии табибон қарор дорад. Ба гуфтаи вай, шоми гузашта ба ин бемористон аз маҳали муноқишаи мусаллаҳона 5 захмиро оварда буданд ва яке аз онҳо, ки ҷарроҳатҳои сабук бардошта буд, аз бемористон ҷавоб дода шуд. Дар миёни захмихо боз як марзбон - Умед Мирзоев - низ аст.
Хабарнигори Озодӣ яке аз захмиҳо, Ҳалимҷон Сатторовро, ки ба гарданаш пораи норинҷак расидааст, аёдат карда, дар бораи муноқишаву чӣ тавр оддӣ захмӣ шуданашон сӯҳбате анҷом дод.
САФАРИ МУРОДАЛӢ АЛИМАРДОН БА БИШКЕК
Ҳайати кумиссияи бапйниҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардонов субҳи имрӯз барои идомаи музокира оид ба аломатгузорӣ ва нишонагузории манотиқи мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон ба Бишек сафар кард. Як манбаъи мӯътамад аз ҳукумати Тоҷикистон имрӯз 26 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати Кумиссияи байниҳукуматӣ таҳти сарварии муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардонов субҳи имрӯз озими Бишкек шуд. Дар назар аст, ки дар давраи навбатӣ масъалаи аломатгузорӣ ва нишонагузории хутутуи марзи муштарака дар мавзеъҳои мавриди баҳси ноҳияи Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ботканди Қирғизистон мавриди гуфтугуи ду ҷониб қарор гирад.
Дар ҳоле, ки ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Қирғизистон омодагӣ ба даври навбатии музокира доранд, шоми дирӯз дар тирандозие дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, як сокини Тоҷикистон кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.
БОЗ ТИРАНДОЗӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, дар тирандозие дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон панҷ сокини Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, нахуст марзбонони тоҷик оташ кушодаанд.Бино ба гузоришҳо низомиёни қирғиз ба сӯи сокинони деҳаи марзии Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз силоҳ оташ кушода, ҳадди ақал 5 сокини Тоҷикистонро захмӣ кардаанд. Ин ҳодиса имрӯз, душанбеи 25 уми август тахминан соатҳои 6–и бегоҳ рух додааст. Ба гуфтаи 3 сокине, ки аз маҳалли ҳодиса бо Радиои Озодӣ тамос гирифтанд, тирпарронии низомиёни қирғиз дар канори ин деҳа, ки ҷониби Бодканд як ҳафта инҷониб талош дорад бунёди пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғонро аз сар гирад, рух додааст. Ба гуфтаи онҳо, тирпаронӣ амалан дар ду нуқтаи маҳаллаи Муғи канори деҳаи Қалъача рӯй додааст, ки бо ҳам 500 метр фосила доранд.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, нахуст дар нуқтаи аввал фармони оташ кушодан ба суи сокинони ҷамъомадаи тоҷикро афсари низомиёни қирғиз дода, сарҳадбонҳои тоҷик аз кушодани оташи ҷавобӣ худдорӣ кардаанд. Сокинони оддии тоҷик умдатан дар ҳамин мавзеъ захмӣ шудаанд. Дар нуқтаи дуюм аз ду ҷониб сарҳадбонҳо сӯи ҳам оташ кушода, дар бораи пайомади он сокинон хабар надоштаанд. Ба гуфтаи сокинон, гурӯҳи иловагии марзбонони тоҷик ба маҳали ҳодиса ҳозир шуда, ба вазъ назорат мебаранд.
Аммо Гулмира Борубоева, сухангӯи Кумитаи марзбонии Қирғизистон гуфт, ки тирандозӣ байни марзбонони тоҷику қирғиз замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки марзбонони тоҷик то 800 метр ба дохили қаламрави Қирғизистон ворид шуда, хостаанд, ки дар онҷо посгоҳ гузоранд: "Марзбонони тоҷик ба сӯи сарҳадбонони мо аввал шуда тир андохтанд ва аз гранатамёт истифода кардаанд." Ба қавли ӯ, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба тарафи сарҳадбонони қирғиз санг андохта, хостаанд, пулеро ки қирғизҳо сохтаанд бо булдозер вайрон кунанд.
Ба гуфтаи сокинон, низомиёни қирғиз ба суи гурӯҳи сокинони деҳаи Қалъача, ки ба хотири монеъ шудан ба кори сохтмони пул ҷамъомада оташ кушода, 5 нафар: Мансурҷон Ҷумъаев, раҳбари хоҷагии деҳқонии “Сарбанд”, Нӯъмон Набиев, Ислом Ҷалилов, Зайнидин Зиёев ва Ҳалим Сатторов, ҳамагӣ сокинони деҳаи Қалъачаро захмӣ кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, захмиҳо ба беморхонаи ноҳияи Ғафуров интиқол дода шудаанд.
Зиёуддин Зиёев, сокини ин деҳа дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки хабари захмӣ шудани писараш – Зайниддинро шунида, ба маҳалли ҳодиса омад ва шунид, ки писарашро ба бемористон фиристодаанд. Вай гуфт, аз ҳоли писараш дигар хабар надорад ва сахт хавотир аст. Ҳангоми сӯҳбат дар соати 7 ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки садои тирандозии алоҳида аз дур ба гӯш мерасад. Марзбонҳои тоҷик маҳалли ҳодисаро таҳти назорат гирифтаанд ва намегузоранд, ки мардуми рустоҳо ба онҷо наздик шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати таъмини амнияти сокинон ва ором кардани онҳо мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маҳали ҳодиса ҳозир шудаанд.
Сокинони деҳаи Қалъача мегӯянд, ки аз захмишудагон яке ва ба эҳтимоли зиёд Нуъмон Набиев дар маҳалли тарпарронӣ монда, ҳанӯз ба бемористон интиқол дода нашудааст. Ӯро дар қатори интиқолёфтагон ба бемористон пайдо накардаанд. Ҳоло марзбонони тоҷик ба интиқоли захмии дар маҳалли ҳоидиса монда ба маркази деҳаи Қалъача ва аз он ҷо ба бемористон талош доранд. Ба гуфтаи сокинон, аз он ки тирандозҳои қирғиз аз баландии канор деҳаи Қалъачаро таҳти назорат гирифта будан ва суи одамони ҳаракаткунанда ба маҳали даргирӣ тир мекушоданд, имкони рафтан ба канори деҳаву овардани захмиии он ҷо мондаро надоштанд. Ҳоло дар дили шаб бархе сокинони канор ва наздик ба маҳали даргирии деҳаи Қалъача ба хотири ҳадафи тири нишонгирҳои қирғиз нашудан худро ба маркази деҳа, ба ҷойи амнтар мегиранд.
Гулмира Борубоева гуфт, ки авзоъ дар марз пуршиддат боқӣ мемонад, вале хабари захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро шарҳ надод. Вай ҳамчунин хабари захмӣ шудани як сарбози Қирғизистонро рад кард.
Навбатдори Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки муноқишае дар марз сар задааст, вале гуфт, ҳанӯз дар бораи он иттилои дақиқ дастрас нашудааст.
Чанд соат пештар аз ин ҳодиса сокинони марзӣ, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки талоши ҷониби Қирғизистонро барои бунёди пул аз болои рӯди Овчӣ Қалъача, сокинони ин маҳали марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таҷаммӯву раҳбандии кӯтоҳмуддат ҷилавгирӣ кардаанд. Як сокини деҳаи Қалъаи ҷамоати мазкур, ки худро Мурод Султонов муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ахиран ҷониби Бодканд ба назди рӯди Хоҷа Боқирғон дар канори ин деҳаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ба суи деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як “Камаз” ва экскаватор оварда, хостанд ба бунёди пул аз болои рӯд сар кунанд, аммо сокинони марзии тоҷик ба ин монеъ шуданд. Ба гуфтаи вай, мақомоти Бодканд бо сохтмони ин пул ҳадаф доранд, ду пораи аз ҳам ҷудои заминҳои баҳсноки марзиро, ки он ҷо як гурӯҳ хонаводаҳои қирғиз низ зиндагӣ мекунанд, ба ҳам пайванданд, вале пули нав роҳи гузари сокинони бумии тоҷиконро ба сӯи обанбори худ ва садҳо гектар заминҳои он сӯи пул мебандад.
Соли равон чандин бор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, муноқиша ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 7 сокини деҳаи Бедаки Тоҷикистон захмӣ ва як нафарашон кушта шуданд. Дар рӯзи 11-уми январ дар тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар ва аксаран маъмурони милисаи Қирғизистон захмӣ шуданд. Аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, сари хати сарҳад ба мувофиқа бирасанд.