Шаҳло Рустамхоҷаеваи 25-сола нисфирӯзии 20-уми август дар ҳоле бо ноқили мӯйхушккунак худро ба дор овехт, ки дар батнаш як тифли думоҳа дошт ва ду духтари дигари яке дувуниму дувумӣ чорсолааш дар хона чашмбароҳи ӯ буданд. Ҳеҷ кадоми инҳо натавонист монеи худкушии ин модари ҷавон шавад ва Шаҳло бо навиштани номае пеш аз марг дар коргоҳаш ҳалқаи дорро ба гардан овехт ва ба зиндагияш нуқта гузошт.
Ҳар нафаре, ки Шаҳлоро мешинохт, аз ӯ ҳамчун зани ботамкину нармгуфтор ёд мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо, пайваста чашмони аз латтукӯб сиёҳшудаашро зери маводҳои ороишӣ пинҳон мекард.
Аммо мушту лагади ахири шавҳар, ба гуфтаи наздиконаш, косаи сабри ин зани ҷавонро лабрез намуд ва ӯ роҳи ягонаи наҷоташро дар худкушӣ дид.
Мақсуда, холаи Шаҳло Рустамхоҷаева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷиянаш қабл аз марг дар номае ба модараш шавҳарашро гунаҳкори марги худ хонда, аз волидонаш хостааст, то ду тифли ӯро ба шавҳараш надиҳанд ва худашон нигоҳубини фарзандони вайро бар ӯҳда бигиранд.Вай мегӯяд,Шаҳло чандин бор аз тарафи шавҳараш латукӯб шуда, қаҳр карда, ба хонаашон баргашта буд. Ба гуфтаи вай, онҳо ҳатто хоҳарарӯси Шаҳлоро ба хонадони худ келин карданд, то ақалан ба ин далел муносибати шавҳараш нисбат ба ӯ беҳтар шавад.
Мақсуда афзуд, «се рӯз пеш Шаҳло баъд аз онки ин дафъа низ шавҳараш ӯро зери мушту лагад мегирад, соати 1-и шаб ба модараш занг мезанад, то ӯро ба хона биёранд. Баъд аз ин шавҳараш таҳдид мекунад, ки агар барнагардад, ҳолаш бад хоҳад шуд. Пас аз ин дирӯз нисфирӯзӣ вақте ҳамкоронаш хӯрокхӯри мераванд, ӯ худро дар кошонаи ҳусн аз дарун қулф мекунад ва бо сими фен худро дор мекашад. Вақте ҳамкоронаш бармегарданд ва дари кошонаи ҳуснро баста мебинанд, кормандон пулисро даъват мекунанд. Бо кушодани дар онҳо аллакай ҷисми беҷони Шаҳлоро мебинанд.»
Мақсуда мегӯяд, Шаҳло духтари хурдии хонадон буд ва тӯли як соли охир дар кошонаи ҳусни «Фариде» дар наздикии гардиши фурудгоҳ кор мекард. Чанд муддат бо шавҳараш дар Русия ҳам ба сар бурд , аммо он ҷо низ рӯзи хушро надид.
Ронандагони таксӣ ва фурӯшандаҳои мағозаҳо, ки дар гардиши фурудгоҳ кор мекунанд ва Шаҳлоро хуб мешинохтаанд, мегӯянд, ӯ рӯзҳои охир хеле маъюсу рӯҳафтода ба назар мерасид.
Яке аз ин фурӯшандаҳо гуфт, «ӯ хеле духтари муаддаб буд, ҳар рӯз аз мағозаи мо харид мекард. Аммо зиндагии хонаводагияш нотинҷ буд, рости гап, дар ин муддат мо боре ҳам ҳатто хандаи ӯро надидем.»
Ҳоло таҳқиқи қазияи худкушии Шаҳло Рустамхоҷаева за сӯи додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе оғоз шудааст, вале масъулин то анҷоми тафтишот аз ироаи ҳар гуна тафсилот худдорӣ мекунанд. Аммо пайвандони Шаҳло мегӯянд, ин субҳ намояндагон аз ҳукумати шаҳр ба маҳаллаи онҳо омада, мардумро насиҳат кардаанд, ки хонаводаҳои шавҳар бо келинҳои худ рафтори хуб дошта бошанд.
Худкушии Шаҳлои 25-сола дар ҳолест, ки тибқи оморҳои расмӣ, ҳар рӯз дар Тоҷикистон дастикам 1 зан қасди ҷони худ мекунад. Тибқи итиллои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар нимаи аввали соли равон 318 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд, ки аз ин миён 153 нафарашон занон будаанд.
Равоншиносон мегӯянд, ҳар нафаре ки ба худкушӣ даст мезанаду аз худ дастхат боқӣ мегузорад, ин маънои онро дорад, ки ин худкушии вай эътирозӣ аст. Яъне омилҳои иҷтимоӣ, таъсири атрофиёнаш, бетаваҷҷӯҳии онҳо нисбат ба вай ва ё нафаҳмидани мушкилоташ ӯро ба худкушӣ тела медиҳад. Ин як навъи қасос гирифтан аз атрофиён аст, ки сари вақт ба ӯ дасти ёрӣ дароз накардаанд.
Коршиносони умури занон бар инанд, ки бештари худкушиҳои занон бар асари ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва мавориди густардаи занозорӣ аз сӯи мардон рух медиҳад.
Азбаски бештари занон ҷойе барои фирор аз озори шавҳарон надоранд, даст задан ба худкуширо чораи ночории худ мепиндоранд. Бархе худро ба оби рӯдхона ва бархе бар оташ меандозанд,иддае ҳам худро ба дор меовезанд. Инҳо аз роиҷтарин анвоъи худкушӣ дар Тоҷикистон аст.
Ҳуринисо Ғаффорзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, «занони мо гирифтори варшикастагии равонианд ва дар муқобили хушунатҳо худро ҳимоят карда наметавонанд. Тавре ҳам мушоҳида мешавад, мардони мо рӯз то рӯз беҷасорату худхоҳу нотаъминкунанда мешаванд, ва мушкили хонавода ҳам танҳо дар сари занон бор аст. Мутаассифона, аксари заноне, ки ба ҷони худ даст мезананд, на хонашин, балки таҳсилдидаанд, аммо мо равоншиносони касбие надорем, ки кӯмак намоянд.»
Дар Тоҷикистон ҳам баъзан Марказҳои боварӣ ё кор бо занони ниёзманд бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ дар шакли тақдими машварат, фаъолият мекунанд, вале ба қавли коршиносон, ин иқдомҳо барои кишваре, ки ҳар рӯз дасти кам як шаҳрванди занаш қасди ҷони худ мекунад, кофӣ нестанд.