Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов дар Пекин бо раҳбари Чин мулоқот мекунад


Ислом Каримов ва Си Ҷинг Пинг (акс аз бойгонӣ)
Ислом Каримов ва Си Ҷинг Пинг (акс аз бойгонӣ)

Боздиди расмии Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон 19 август Чин оғоз мешавад. Қарор аст дар ҷараёни ин боздид вай бо Сӣ Ҷинг Пинг-раиси ҷумҳури Чин мулоқот кунад. Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Узбакистон гуфт, ки ҳар ду ҷониб муносибатҳои дуҷониба ва “масъалаҳои калидии минтақаӣ ва байналмиллалии мавриди алоқаи ҷонибҳо”-ро 19 ва 20 август баррасӣ хоҳанд кард.

Каримов бори ахир бо раҳбари Чин 14 маи соли 2014 дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой мулоқот ва дар мавзӯи ширкати Узбакистон дар ибтикороти Чин роҷеъ ба Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим сӯҳбат карда буд.

Дар ин ибтикорот эҳдоси шабака лулаи гази Узбакистон ба Чин дар назар гирифта шудааст. Ҳамчунин эҷоди шабакаи нақлиётии Чин ба Эрону кишварҳои Каронаи Балтик тавассути Осиёи Марказӣ пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG