Як гурӯҳ аз занони ҳисорӣ, ки мехостанд дар «Кӯли комсомол»-и ноҳияи Ҳисор ҳангоми мулоқоти президенти кишвар бо мардум зимни боздидаш аз иншоотҳои ҷашнии 3000 солагии Ҳисор, арзу шикояти худро ба Эмомалӣ Раҳмон расонанд, вале аз тарафи кормандони амният ва умури дохили ноҳия пешгирӣ ва ба шӯъбаи милиса оварда шуда, танҳо пас аз анҷоми мулоқоти президент, раҳо гардидаанд.
Меҳринигор Ризоева, модари Сунатулло Ризоев маҳбуси зиндони Хуҷанд имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳи вай чаҳор нафар занону модарони ҳисорӣ ба хотири расонидани арзу доди худ ба президент ба маҳалли мулоқот омаданд, «вале кормандони амнияту милисаҳо ному насаби маро пурсиданд ва вақте гуфтам барои чӣ омадаам, маро ҳамроҳи дигар заноне, ки шикоят доштанд, гирифтанду ба шӯъба оварданд.»
Вай гуфт, ки кормандони шуъбаи дохилӣ аз соати тақрибан 7 субҳ то 13:00 онҳоро нигоҳ доштанд ва баёнот гирифтанду баъд аз соати13, вақте, ки президент ба Душанбе баргашт, раҳояшон карданд. Модари Сунатулло гуфт, ки вай аз президент мехоҳад, ки фарзандашро, ки дар маҳбас бегуноҳ хобидааст, афв кунад.
Як сокини дигари Ҳисор Ишқияи Эмом гуфт, ки дар назди «Кӯли Комсомол» ба маҳалли мулоқоти президент ӯро роҳ надоданд, ки ба президент арзи худро расонад: «Милисаҳо гуфтанд, ки инҷо ҷой барои арзу шикоят ба президент нест, ман гуфтам, ки ба идораҳо меравем, касе ба додамон намерасад, ба назди қасри президент меравем, милисаҳо боздошт карда ба хонаҳоямон мефиристанд, чӣ кор кунем, ки президент ҳамчун кафили мардум ба арзи мо гӯш диҳад ё арзи мо ба вай расонида шавад.»
Вай мегӯяд, ки чанд сол қабл ҳанӯз дар аёми ноболиғ буданаш як тоҷири ноҳия ба зӯрӣ ба номусаш таҷовуз карда, то ҳол дар озодӣ гаштааст, лекин худи ӯ наметавонад як зиндагии солим дошта бошад, зеро пас аз издивоҷ шавҳараш ӯро бо ду кӯдак бо ишора ба ҳодисаи таҷовуз ба номусаш, таъна зада рафтааст. Ишқияи Эмом мегӯяд, ки ҳеҷ идора ва ниҳоде ба доди вай намерасад, барои ҳамин маҷбур шудааст додашро ба президент расонад.
Як хонуми дигар бо номи Дилбар гуфт, ки вақте мардумро барои ворид шудан ба маҳалли мулоқот бо президент иҷоза медоданд, чанд модари дигар низ барои шикоят омада буданд, вале ҳамаи онҳоро дохил шудан намонданд. Вай гуфт, ки аз пеши чашми онҳо фақат раққосаҳоро иҷозат доданду тамом ва дигар мардуми галстукдорону коргарони идораҳо медаромаданд.
Дар ҳамин ҳол Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳисор иттилоъ дода афзуд, ки дар кӯчаи ба номи Н. Қаюмови маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки прездент маҷмааи меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии "Даҳбед", ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Бо маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Ҷамшед Зиёев ӯҳдадор шудааст, ки дар як гӯшаи ин маҷмаа боз корхонаи калони дӯзандагӣ бо 1000 ҷойи корӣ бунёд намуда, то моҳи сентябри соли 2015 ба кор медарорад ва шумораи коргарони маҷмааи "Даҳбед" ба зиёда аз 1500 нафар мерасад.
Аз ҷониби "Тоҷпромбонк" ба соҳибони ҳамаи 75 дӯкони тиҷоратии маркази "Даҳбед" ҳамчунин 10 ҳазор долларӣ қарзи имтиёзнок барои оғози тиҷорат ҷудо карда шудааст, ки дастгирии хубе барои тоҷирони навкор мебошад.