Аммо як моҳ пеш аз баргузории нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, коршиносон ва расонаҳои Тоҷикистон ба сафари Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон ба Душанбе таъкиди бештар мекунанд. Ин аввалин сафари сарвари кишвари ҳамсояи девор ба девори Тоҷикистон тайи шаш соли ахир аст. Ин таъкидҳо бепоя нестанд. Тайи ин муддат миёни ду кишвар мухолифатҳои шадиде ба миён омаданд, ки равобиташон ба тирагӣ кашида шуд.
Узбакистон сохтмони нерӯгоҳи Роғунро комилан қабул надорад, хоҳони баста шудани «Талко» -- бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон аст, роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг, ягона роҳи оҳан ба ҷануби Тоҷикистонро ба куллӣ тахриб кард, аз низоми ягонаи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуд ва ба ин минвол, Тоҷикистонро низ дар ҳошияи ин низом гузошт. Ҳатто алайҳи тарҳи хатти барқи CASA 1000 низ садо баланд кард. Хисороти молиявии иқдомоти Тошканд ба манзури маҳдуд кардани имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистонро бархе миллиону миллиардҳо доллар ҳисоб мекунанд. Ҳатто ин ҳарф низ ба вуҷуд омадааст, ки далели мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон пеш аз ҳама Узбакистон аст.
Аксари коршиносон бар инанд, ки мухолифатҳои умда миёни ду кишварро танҳо раҳбарони онҳо – Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов ҳал мекунанд. Абдулло Ҳабибов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, мардуми Тоҷикистону Узбакистон бидуни он, ки дар сатҳҳои боло чӣ мегузарад, робитаашонро идома медиҳанд, тиҷорат доранд, хешутабор мешаванд, равуо мекунанд, пас аз ҳазор сол ҳам мушкилиҳои рафъ мешаванд. Вай афзуд, раҳбарият ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардуми ду кишвар аз сафари Ислом Каримов ба Душанбе бояд ҳадди аксар истифода шавад, зеро таърих онҳоро нахоҳад бахшид:
«Мо наметавонем гӯем, ки Каримов як президенти бад аст. Ӯ як нафари дар сатҳи байнулмилалӣ матраҳ ва обрӯманд аст. Вай ҳам ҷонибдори бад будани муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон нест. Аммо қадами аввал даркор аст. Қадами аввал ҳамаро ҳал мекунад. Инро баъид намедонем, ки Ислом Абдуғаниевич, ҳамчун инсони солхӯрда ва закӣ ҷонибҳоро сари мизи музокирот мехонад ва мегӯяд, бояд пушти беҳбуди равобит шуд.»
Бино ба иттилои расонаҳо, як гуна нармишҳо миёни Тошканду Душанбе дар остонаи сафари Ислом Каримов ба Душанбе мушоҳида мешаванд, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии Узбакистон дар нишасти ҳамтоёнаш дар СҲШ ширкат кард. Ин хабар ҳам паҳн шуд, ки «Узбекистон темир йуллари» барои қаторҳои Тоҷикистон боҷро кам кардааст ва ҳам боҷи маҳсулоти бархе корхонаҳо коҳиш додааст.
Иддае дигар аз коршиносон бар ин ишора мекунанд, ки дар мушкилоти Тоҷикистон ҷонибҳои дигар мехоҳанд нафъ бардоранд. Бо ишора ба матлабе, ки аз номи як академики узбак ҳарфи бомбаборони нерӯгоҳи Роғунро ба миён андохт, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҷонибҳо аз зарфиятҳои мавҷудаи мухолифати миёни кишвар мехоҳанд истифода кунанд:
«Ин гурӯҳҳо фикр намекарданд, ки Ислом Каримов ба Душанбе меояд. Онҳо мехоҳанд баъзе умедҳои пайдошуда дар Тошканду Душанбе барои беҳбуди равобитро халалдор кунанд. СҲШ хоҳ – нохоҳ як майдонча ба гуфтугӯи як ба як мешавад. Тоҷикон мегӯянд, «меҳр дар чашм аст». Гапҳояшонро зада мегиранду як мавқегириҳои наздик мекунанд. Чун омаданаш маълум шуд, хоҳ-нохоҳ як сафари давлатӣ аст, расмӣ аст, ё хидматӣ баргузор мешавад ва сӯҳбатҳо мешаванд. Ҳаминро мехоҳанд пешгирӣ кунанд, ки наздик нашаванд. Пешакӣ вазъро, ки бояд нарм шавад, сард карданианд.»
Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки мухолифатҳои Тоҷикистону Узбакистон бар пояи манофеи миллии ду кишвар аст, гап дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ё Ислом Каримов нест. Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик, мегӯяд: «Узбакистон намехоҳад иқтисоди Тоҷикистон пеш равад, масалан, истиқлолияти энергетикӣ ба даст орад. Ин
мушкили Каримов нест, ҳукумати пас аз ӯ низ ин роҳро идома медиҳад. Аз ин хотир Тоҷикистон бояд дар сатҳи байнулмилал ва аз миёни абарқудратҳо иттифоқчиҳои худро дошта бошад ва ба ин пофишорӣ кунад, ки ин ҳаққи табии ин кишвар аст.»
Дар ҳамин ҳол, аксари коршиносон бар инанд, ки ду кишвар наметавонанд барои дарозмуддат муносибатҳоро дар ҳолати кунунӣ нигоҳ доранд. Ба қавли онҳо, бояд чанд иқдоме гирифта шавад, ки ташаннуҷ поён ояд. Аз ҷумла, онҳо бар дипломатияи мардумӣ таъкид карда, мегӯянд, бояд дар марзҳо бозорҳои муштарак эҷод карда, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла консертҳо, дар шаҳрҳои ду кишвар баргузор шаванд, зеро ҳукуматҳо меоянду мераванд, аммо мардум мемонанд.