Сардори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Аюбҷон Бобоев мегӯяд, соҳбкорон бо боло бурдани баъзе компонентоҳи нӯшокиҳо онҳоро бо номҳои гуногун ба фурӯш мебароранд ва саломатии муштариҳоро ба хатар рӯ ба рӯ мекунанд. Аюбҷон Бобоев мегӯяд, "як соҳибкор ба баклашкаи якунимлитра лимонади маҳаллиро рехта, газнокиашро баланд карда, бо номи шампани кӯдакона ба фурӯш баровард. Аммо ин нӯшобаи худсохт на сертификат дошт, на ягон ҳуҷҷати дигар. Ин соҳибкор ҳамчунин дар 1200 зарфи дигар чандин навъ майи Ғончиву Истаравшану Ғафуровро, ки литраш ҳудуди 5 сомонӣ аст, ба ҳам омехта, аз ин нӯшокиеро бо номи “Душа монаха” бо қиммати 28 сомонӣ барои фурӯш омода карда буд, аммо мо онҳоро мусодира кардем." - гуфт сардори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Аюбҷон Бобоев.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Додгоҳи Хуҷанд барои мусодираи беш аз 30000 шиша “Кока-кола”-и истеҳсоли Қазоқистон ҳукм баровард, ки як соҳибкори маҳаллӣ бо тамдиди мӯҳлати ситифода онҳоро ба бозор баровард.
Ҷаноби Бобоев гуфт, ки ин соҳибкор ба рӯи тамғаи аслии мӯҳлати масраф, ки онро бо спирт ҳам шуста намешавад, часпи нав задаст.
Худи соҳибкор Абдуқодир Набиев низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳамаро рад накард. Вале вай гуфт, масъулони “Тоҷикстандарт” моли мӯҳлати истеъмолаш сипаришудаи ӯро на вақти фурӯш, балки дар анбораш ошкор кардаанд. Вай афзуд, ки нӯшокии “Кока-кола”-и тавлиди Қазоқистонро худаш аз ин кишвар ворид накарда, балки онро аз як ширкати маҳаллӣ харида буд ва то анҷоми мӯҳлати истеъмол танҳо ними онро фурӯхта тавонист.
Ҷаноби Набиев дар бораи дастгоҳе, ки тавассути он санаи муҳлати нӯшокиҳои кӯҳнашудаашро нав мекардааст, гуфт, онро масъулони “Тоҷикстандарт” аз коргоҳаш ёфта, ба парванда ҳамроҳ кардаанд.
Додгоҳ ин соҳибкорро барои гузоштани санаи қалбакии замони истеъмол ба зарфҳои пластикии нӯшобаҳои кӯҳнашуда 800 нишондиҳандаи ҳадди ақал ё 32 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, ҳамчунин қарори нобуд кардани нӯшокиҳои ӯро содир кард.
Беш аз 40 000 шиша нӯшобаи “Кола-кола”, “Фанта”, “Фанта-лимонад” - и истеҳсоли Қазоқистон, мансуб ба ширкати маҳаллии “Кока – колаи нӯшокиҳои Тоҷикистон”, беш аз 4.5 ҳазор нӯшобаи “Тасним” –и истеҳсоли ширкати ватанӣ, даҳҳо кило чойи хушк, садҳо кило равғани растанӣ аз номгӯи маҳсулотест, ки маркази “Тоҷикстандарт” дар 6 моҳи аввали соли равон мусодира ва нобуд кардааст.
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон як кишвари офтобӣ ва макони меваҳои ширин аст, аммо худро бо шарбату нӯшобаҳои хушсифат таъмин карда наметавонад. Шарбату нӯшобаҳое, ки ширкатҳои маҳаллӣ дар зарфҳои шишагии замони шӯравӣ тавлид мешаванд ва аз нигоҳи рангу бӯву таъм ва нарх бо молҳои воридотӣ қобили рақобат нестанд. Сокинони Хуҷанд ба сифати нӯшобаҳои арзон ва моли фурӯшандаҳои сарироҳӣ чандон бовар надоранд. Аммо гармо онҳоро маҷбур мекунад, нӯшоба бихаранд ва истеъмол кунанд.
Масъулони Тоҷикстандарт таъкид мекунанд, ки муштарӣ қабл аз харидории нӯшокӣ бояд аз фурӯшанда сертификтати сифати онро талаб кунад, то бубинад, моли мехаридааш чӣ сифат дорад. Аммо дар Тоҷикистон муштариҳо аз ҳуқуқи худ огаҳии зиёд надоранд ва навиштаҷоти маҳсулотро аслан намехонанд. Дар шаш моҳи аввали соли равон танҳо 11 нафар ба маркази “Тоҷикстандарт” дар Хуҷанд дар мавриди паст будани сифати моли харидаашон шикоят кардаанд.