Ба иттилои Брюссел, баъд аз зӯҳри 29 июл намояндагони ҳама кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баррасии таҳримҳои навро шурӯъ карданд, ки ҳадафашон - маҳдудсозии дастрасии бонкҳои Русия ба бозорҳои Аврупо, коҳиши робитаи ширкатҳои қора бо бахши энерҷии Русия ва гузоштани эмбарго ба фурӯши дубораи молу коло ва силоҳи тавлиди Аврупо аз сӯи Маскав аст.
Интизор меравад, ки боз ному насаби ҳашт мансабдори рус ва се ширкату корхонаи Русия ба феҳристи таҳримҳои Брюссел дар робита ба бӯҳрони Украина шомил шаванд. Номи мансабдорону корхонаҳо рӯзи 30 июл дар санади расмии Иттиҳодияи Аврупо дарҷ хоҳад шуд.
Рӯзномаи амрикоии "Wall Street Journal" рӯзи 28 июл хабар дод, ки таҳримҳои нав тавоноии бонкҳои бузурги Русия, аз қабили Сбербанк ва «Внешторгбанк»-ро коҳиш хоҳад дод. Ба навиштаи нашрия, ин чораҳо – бахше аз тарҳи фишор болои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аст, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ӯро дар тамрин ва таъмини ҷудоихоҳони шарқи Украина бо силоҳ айбдор мехонанд. Маскав иттиҳоми дар ихтиёри ҷудоихоҳон гузоштани силоҳро рад мекунад.
Даъватҳо аз Иттиҳодияи Аврупо барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Маскав баъд аз суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина садо доданд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 17 июл рӯй дод, ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипажи Боинг ба ҳалокат расиданд.
Кишварҳои ғарбӣ дар нобудсозии Боинг ҷудоихоҳони рустабор ва Маскавро айбдор мекунад, ки мусаллаҳони пуштибон аз Русияро бо силоҳи нерӯманд таъмин кардааст. Русия ва ҷудоихоҳон, дар навбати худ, низомиёни Украинаро дар ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбар муттаҳам мекунанд.
Ёдовар мешавад, ки Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе, 26 июл, як зумра мансабдорони воломақом ва ширкату муассисаву ниҳодҳои Русияро барои даст доштан дар бӯҳрони Украина мавриди таҳрим қарор дод. Феҳристи иловагӣ 15 мансабдор ва 18 созмону ширкату корхонаро дарбар мегирад. Ба феҳристи таҳримҳо, аз ҷумла, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников, раиси Хадамоти кашфи беруна Михаил Фрадков, раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров, дабири Шӯрои амният Николай Патрушев, муовини ӯ Рашид Нургалиев, узви Шӯрои амният Борис Гризлов, раҳбари яке аз раёсатҳои Хадамоти федеролии амният Сергей Беседа, вакили Думаи давлатӣ Михаил Дегтярев ва волии вилояти Краснодар Александр Ткачев шомиланд. Гуфта мешавад, ки Рамазон Қодировро барои изҳори омодагияш дар мавриди ба шарқи Украина фиристодани 74 ҳазор ихтиёриён ва Александр Ткачевро барои пуштибонияш аз илҳоқи Қрим ба Русия ба феҳрист ворид кардаанд.
Шаш тан аз раҳбарони ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, аз ҷумла, яке аз
масъулони Ҷумҳурии худхондаи Донетск Павел Губарев ва хонуми ӯ Екатерина Губарева низ шомил ба феҳристи таҳримҳоянд. Ҳамаи онҳо дар халал ворид кардан ба якпорчагии Украина гумонбар мешаванд.
Ба феҳрист нӯҳ ширкату муассисаи воқеъ дар нимҷазираи Қрим ва нӯҳ ниҳоде, ки ҷудоихоҳон мустақилияти онҳо аз Киевро эълом доштанд, аз ҷумла, Ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск, Новороссия, гурӯҳҳои низомии ҷудоихоҳони рустабор амсоли “Артиши Ҷанубу Шарқ”, баталёни “Восток”, “Собол”, “Артиши бузурги Дон” ҳам ворид карда шудаанд.
Ҳоло дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо 87 мансабдор ва 20 созмону гурӯҳ ва ширкат ҷой доранд. Ба мансабдорон вуруд ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо манъ шуда, ҳисобҳои бонкии онҳо ва ширкатку муассисаҳо дар кишварҳои узви Иттиҳодия мунҷамид мешаванд. Ба тоҷирони аврупоӣ робитаи корӣ бо афроду ширкатҳои ворид ба феҳрист манъ шудааст.
Аммо дар Маскав таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи мансабдорони аршад ва корхонаву муассисаҳои кишварро чун “таҳдид ба барномаҳои муборизаи муштарак бо терроризм ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ” арзёбӣ карданд.
Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Русия, ки рӯзи шанбе, 26 июл, нашр шуд, омадааст, таҳияи ин таҳримҳо "комилан пойбанди Вошингтон ва афсонаҳои Киев дар бораи ҳаводиси Украина" шудани Иттиҳодияи Аврупоро собит мекунанд". Аз нигоҳи идораи сиёсати берунаи Русия, “феҳристи иловагии таҳримҳо намоиш медиҳад, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сӯи пурра қатъ кардани ҳамкорӣ бо Русия дар масоили амнияти байнулмилалӣ ва минтақаӣ, ба шумули мубориза бо паҳншавии силоҳи қатли ом, терроризм, ҷинояткории муташаккил ва дигар таҳдидҳо роҳ пеш гирифтаанд”.