Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасонро ба маҳали суқути ҳавопаймо иҷоза доданд


Бозрасон дар маҳали суқути ҳавопаймо
Бозрасон дар маҳали суқути ҳавопаймо

Ҷудоихоҳони мусаллаҳ дар шарқи Украина иҷоза додаанд, ки бозрасони байналмиллалӣ аз маҳали пораҳои ҳавопаймои суқуткардаи ширкати ҳавоии Малайзия боздид кунанд. Ин ҳавопаймо 17 июл зада шуд ва 298 кас ба ҳалокат расиданд.

Як фармондеҳи ҷудоихоҳон ба гурӯҳи бозрасони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо рӯзи шанбе гуфт, ки ҷудоихоҳон ба нишонаҳои суқути ҳавопаймо даст назадаанд ва “ҷаъбаи сиёҳ”-и сабти парвозро пайдо накардаанд.

Ҳукумати Украина мегӯяд, ки шӯришиёни ҷонибдори Русия дар шарқи Украина бо кӯмаки Русия нишонаҳои суқути ҳавопаймои Малайзияро аз байн мебаранд. Ин ҳавопаймо 17 июл ҳангоми парвоз бар фарози минтақае, ки дар контроли ҷудоихоҳон қарор дорад, ба замин сарзер шуд ва ҳамаи 298 нафар мусофирону халабонони ҳавопаймо кушта шуданд.

Дар эъломияи ҳукумати Украина, ки рӯзи 19 июл ба нашр расид, гуфта мешавад, ки террористҳо бо кӯмаки Русия талош доранд нишонаҳои ин ҷурми байналмиллалиро аз байн бибаранд.

XS
SM
MD
LG