Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амонатбонк": "Қумондонҳои собиқ 80% қарзашонро баргардонидаанд"


Раиси "Амонатбонк" мегӯяд, қумондонҳои собиқи Бадахшон 80 дарсади қарзашонро баргардониданд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, рӯзи сешанбеи 15 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин бонк гуфт, қарзе, ки соли 2008 бо номи пайвандони Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов гирифта шудааст, то кунун 80 дарсади он баргардонида шуда ва мухолифате дар ин кор нест. Ба гуфтаи ҷаноби Нурмуҳаммадзода, маблағи умумии қарз 800 ҳазор сомониро ташкил медод, ки ҳамакнун ба 1 июли соли ҷорӣ 276 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҷаноби Нурмуҳаммадзода гуфт, ки танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маблағи 65 ҳазор сомонӣ баргардонида шудааст.

XS
SM
MD
LG