Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар моварои умед ва навмедӣ


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки дар мавзеъгирии ширкаткунандагони музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон ихтилофи назари ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Музокироти “шашгона” – ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон бо Эрон, ки ҳадафаш то рӯзи 20 июл расидан ба созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон аст, дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия идома дорад.

Ҷон Керрӣ рӯзи якшанбе, 13 июл, қабл аз мулоқот бо раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ва вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки барои ширкат дар музокирот ба Вена омадаанд, гуфт, “миёни мо ҳанӯз ҳам ихтилофҳо боқӣ мондааст ва мо бояд бубинем, ки оё метавонем ба баъзе комёбиҳо даст ёбем”.

Ӯ афзуд, муҳимтар аз ҳама он аст, ки мо ба сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон ва тавлиди силоҳи ҳастаӣ набудани ҳадафи он мутмаин шавем.

Аз ин пеш муовини вазири умури хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ ҳам дар сӯҳбат бо телевизиони Эрон иқрор кард, ки “мо натавонистем мавқеъҳоямонро дар бархе масоили калидӣ ва муҳим наздик созем ва маълум нест, ки дар идома ҳам ба ин муваффақ мешавем ё на”.

Аммо кадом ихтилофи назарҳо ва дар кадом мавзӯъҳои калидӣ? Ҳанно Ковиёнӣ, хабарнигори Радио Фардо, ки ин музокиротро пайирӣ мекунад, мегӯяд, “ихтилофи асосиеро, ки баъд аз 12 рӯзи музокирот вуҷуд дорад, бештар мутамаркиз ба доманаи барномаи ғанисозии ураниум аз сӯи Эрон медонанд. Суоли аслӣ ин аст, ки Эрон дар пайи тавофуқ чӣ теъдод сентрофуга метавонад дошта бошад ва дар кадом сатҳ

Ҳанно Ковиёнӣ
Ҳанно Ковиёнӣ

метавонад ғанисозияшро идома диҳад”. Ба гуфтаи ӯ, “шашгона” тамоюл бар он дорад, ки барномаи ҳастаии Эрон маҳдуд шавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ бар онанд, ки ғанисозии ураниум аз сӯи Теҳрон ҳадди аққал дар сатҳи феълӣ, яъне, панҷ дар сад, боқӣ бимонад.

Мушкили дигар, ба гуфтаи Ҳанно Ковиёнӣ, “замони иҷрои ин созиш аст, яъне ин тавофуқ барои чанд сол хоҳад буд. Мо ахиран бо мансабдорони амрикоӣ сӯҳбат доштем, онҳо мегӯянд, ки ин мӯҳлат дурақамӣ бошад, яъне маълум нест, ки даҳ сол ё бист сол... Ва ин дар ҳоле, ки Эрон мехоҳад ин мӯҳлат ҳарчӣ камтар бошад, то ҳарчӣ зудтар ба лағви тадриҷии таҳримҳо мунҷар шавад”.

Аз Ҳанно Ковиёнӣ суол кардем, ки коршиносону сиёсатмадорон, ки дар Вена ин мавзӯъро пайгирӣ мекунанд, ба муваффақ шудани музокирот хушбинанд ё шикасти онро пешбинӣ мекунанд? Ба гуфтаи ӯ, бархе ба он нукта ишора мекунанд, ки музокирот ба сахтӣ пеш меравад ва аз он натиҷа гирифтан муҳол хоҳад буд. Иддаи дигар мутмаинанд, ки музокирот то рӯзи муқаррашуда – 20 июл ба натиҷа намерасад ва, бар пояи созиши Женева, тамдид хоҳад шуд.

Аммо аз нигоҳи Ҳанно Ковиёнӣ, “бархе омилҳо мавҷуданд, ки бар пояи онҳо ҳарду ҷониб шояд тамоюл ба тамдиди музокиротро надошта бошанд. Яке аз ин омилҳо – бӯҳрони Ховари Миёна аст – дар минтақа чанд кишвар бо мушкили ҷиддӣ дасту панҷа нарм мекунанд ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ мехоҳад, ки ба ҳалли он мушкилиҳо ҳам бипардозад”. Омили дигар, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки “маъмурияти Кэтрин Эштон чун намояндаи “шашгона” моҳи октябр ба поён мерасад ва ин шояд ҷонибҳоро барои кори сареъ ва гузаштҳое водор созад.

Ноком шудани музокирот, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба нафъи ҳукумати Барак Обама ҳам нест, зеро тирамоҳ интихоботи миёнадавраӣ ба Конгресс баргузор мешавад ва Кохи Сафед бояд ба ин маърака бо паёми комёб шуданаш дар яке аз мушкилиҳои аслии даҳсолаи ахир равад.

Ҳанно Ковиёнӣ мегӯяд, ки Эрон ҳам ба ҳарчӣ зудтар ҳосил шудани созиш манфиатдор аст, зеро мехоҳад таҳримҳои байнумилалӣ зудтар аз байн бардошта шаванд ва ҳукумат ба пешрафт дар бахши иқтисод даст ёбад.

XS
SM
MD
LG