Дар Тифлис рӯзи 13 июл маросими видоъ ва ҷанозаи раисиҷумҳури пешини Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе баргузор шуд. Дар маросим ҳайатҳои расмӣ аз 28 кишвар ширкат доштанд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳайати Русия барои видоъ бо сиёсатмадори маъруф наомад. Дар маросими видоъ аз ИМА собиқ вазири умури хориҷӣ Ҷеймс Бейкер ва аз Олмон – собиқ вазири умури хориҷӣ Ҳанс Дитрих Геншер ҳузур доштанд.
Эдуард Шеварднадзе рӯзи 7 июл дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ яке аз ҳамсафони Михаил Горбачев дар роҳандозии сиёсати бозсозӣ ва коҳиши шиддат дар равобити байнулмилалӣ буд. Эдуард Шеварднадзе аз нахустин раҳбарони шӯравӣ буд, ки моҳи декабри соли 1991 созиши Беловеж ва шикасти Иттиҳодия Шӯравиро эътироф кард.
Моҳи ноябри соли 1995 Шеварднадзе дар интихоботи раёсатҷумҳурии Гурҷистон пирӯз шуд ва баъд аз панҷ сол дар интихобот ба ҳифзи курсияш муваффақ гардид.
Моҳи ноябри соли 2003 дар ҷараёни “инқилоби садбаргӣ” ба Шеварднадзе пешниҳод карданд, ки мақоми раисиҷумҳури Гурҷистонро тарк намояд. Баъд аз он ки парлумон пешниҳоди Шеварднадзе дар бораи ҷорӣ кардани вазъи изтирориро қабул накард, раҳбари вақти Гурҷистон аз мақомаш истеъфо дод.